Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили сифати таълиму тарбия дар Академияи ВКД

136

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтаргардонии сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 бармеояд ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вохӯрӣ бо омӯзгорону курсантони Академияи ВКД роҳбарияти ин муассисаи олии таълимӣ тасмим гирифтанд, ки раванди таълиму тарбияро дар Академия зери назорати қатьӣ гирифта, натиҷаи ҳармоҳаи онро дар воҳидҳои таълимӣ-низомӣ ҷамбаст намуда, баҳри ҳавасмандгардонӣ беҳтаринҳоро бо мукофотҳо сарфароз гардонанд.

137138

Дар ҳамин асос рӯзи 4-уми марти соли ҷорӣ дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ маросими ҷамъбасти моҳонаи раванди таълим баргузор гардид, ки ҷойҳои ғолибон чунин муқаррар гардиданд:
Дар факултети №2 курси беҳтарин курси 1, гурӯҳи беҳтарин гурӯҳи 110, дар курси 2 гурӯҳи 209, дар курси 3 гурӯҳи 301, дар курси 4 гурӯҳи 404.
Дар факултети № 5 курси беҳтарин курси 3, гурӯҳи беҳтарин 311.
Дар факултети № 6 курси беҳтарин курси 1, гурӯҳи беҳтарин гурӯҳи 113.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки сифати таълиму тарбия дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам беҳтар гардад.
Асламов Б.С., Шокирзода Т.Г.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...