Иштироки фаъолонаи омӯзгорону курсантони Академияи ВКД дар ободонии шаҳри Душанбе
Баҳри зебою озода намудани шаҳри Душанбе, корхонаю муассисаҳо, иҷрои саривақтии қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба ободу кабудизоркунӣ дар солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд.
Бо супориши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 3-юми марти соли 2019 бо ширкати бевоситаи сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД ба шанбегии умумишаҳрӣ баромада, бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ аз кору пайкори накӯи шаҳрдории шаҳри Душанбе, ба корҳои зиёди кабудизоркунӣ, тозаю ороста намудани атрофи дарёи Душанбе, аз маҷмааи “Шарқи озод” то гузаргоҳи бозори “Султони Кабир” машғул шуданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.