Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…

133

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Сарвари давлат миёни кишварҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад.
Бо ин мақсад бо супориши роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи 28-уми феврали соли 2019 бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию маълумотнокии ҷавонону наврасон, рушди соҳаи китобдорӣ, ҷалби курсантон ва омӯзгорони факултет ба китобу китобхона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ҷиҳати харидории адабиёти нав, обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо, мутолиаи адабиёт дар мавзӯи Истиқлолият, сулҳу Ваҳдати миллӣ, муқаддасоти миллӣ, ҷашнҳои ниёгон, иншооти бузург ва шахсиятҳои намоёни кишвар, забону адабиёт, таъриху ҷуғрофия, соҳаҳои мухталиф ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ курсантони курси 3-юм бо роҳбарии кураторони гурӯҳҳо ва роҳбарияти курси воҳиди таълимӣ-низомӣ барои шиносоӣ пайдо намудан ва обуна гардидан ба китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ сафарбар карда шуданд, ки зиёда аз 60 нафар курсантон аъзои ин боргоҳи маърифат гардиданд.
Ибрагимзода Ҷ.И., капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...