Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба «Рӯзи Криминалист – 1 март»

129

Тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ – тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети №4 барои солҳои таҳсили 2018-2019 санаи 2-юми марти соли 2019, Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба «Рӯзи Криминалист - 1 март» дар мавзӯи «Таъсисёбӣ ва рушди илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ташкил ва гузаронида шуд.

130131

Қисмати назариявии конференсия дар толори маҷлисии факултет баргузор гардид.
Коференсияи илмӣ-амалиро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С., бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Сипас аз рӯйи Барномаи конференсия сармуаллими кафедраи тиҷорат ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хонкелдиев М. дар мавзӯи «Таърих ва инкишофи илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори шӯъбаи ташхисӣ - криминалистии (ШТК) РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Шарифзода Э.Т. дар мавзӯи «Фаъолияти ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва намуди ташхису таҳқиқотҳое, ки дар шӯъба гузаронида мешавад», дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подолковники милитсия Мақсадзода О.И. дар мавзӯи «Муаммо ва роҳҳои ҳалли амалиёти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса; ҳамоҳангсозии амалия бо назария», сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷӣкистон, полковники милитсия Муллобоев М.Р. дар мавзӯи «Ҳамкории мақомоти тафтишотӣ оид ба баргузории амалҳои тафтишотӣ бо шӯъбаи ташхиси-криминалистӣ», ва курсанти курси 4-уми Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сержанти милитсия Давлатзода М. дар мавзӯи «Робитаи криминалистика бо фанҳои дигар» маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

132

Қисмати амалии конференсия дар саҳни факултет аз ҷониби кормандони ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, гузаронида шуда, бо таври амалӣ тарзу усулҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса бо истифодаи воситаҳои техникӣ-криминалистӣ, ба курсантон нишон дода шуд.

Дар конференсия професорону омӯзгорони факултет ва курсантони курси чорум фаъолона иштирок намудаанд.
Зарифзода Б.М., сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии факултети №4, лейтенанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...