Конференсия илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»
Рӯзи 28-уми феврали соли равон аз ҷониби кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» бо иштироки сардори Академияи мазкур, номзади илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва муовини сардори Академия оид ба илм, номзади илми ҳуқуқ, полковники милитсия Саидзода З.А., баргузор гардид.
Инчунин, дар конференсия роҳбарон ва кормандони амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз қабили Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва омӯзгорону курсантон иштирок намуда, бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Муродов Ф.А.