Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварати илмӣ дар мавзӯи «Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар иншоотҳои саноатӣ»

126

Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ санаи 27 феврали соли 2019 бо ташаббуси кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор семинар-машварат дар мавзӯи “Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар иншоотҳои саноатӣ” бо иштироки роҳбарияти Академияи ВКД баргузор гардид. Дар кори семинар-машварат устодону шогирдон, собиқадорону мутахассисони ботаҷрибаи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар кори семинар-машварат муовини сардори Академияи ВКД, н.и.пед., полковники милитсия Саидзода З.А. баромад карда, қайд намуд, ки рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмин намудани пешрафти яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ҳимояи моликияти давлатӣ, шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз сӯхтор яке аз функсияҳои муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор оид ба пешгирӣ намудани сухторҳо дар иншоотҳои саноатӣ, яке аз масъалаҳои асосии фаъолияти давлатӣ оид ба муҳофизати ҳаёт ва саломатӣ, муҳити атроф ва молу мулк ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинии мазкур устодони собиқадори соҳа полковники мустаъфӣ Назаров С.С. дар мавзӯи “Вазифаҳои профилактикаҳои зиддисухторӣ дар корхонаи саноатӣ”, полковники мустаъфӣ Ғаюров С.Ш. дар мавзӯи “Хатарнокии раванди ҷараёни технологӣ дар иншоотҳои истеҳсолӣ”, муаллимони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Саидов Файзиддин, дар мавзӯи “Татбиқ намудани таҷҳизотҳои автоматикии зиддисӯхторӣ дар биноҳои истеҳсолӣ”, лейтенанти милитсия дар мавзӯи «Тайёрӣ ва гузаронидани муоинаи техникӣ-оташнишонӣ дар корхонаи саноатӣ» ва муовини сардори шӯъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати дохилӣ Раҳимзода Хуршед, дар мавзӯи «Хомӯш намудани сӯхторҳо дар иншоотҳои истеҳсолӣ» баромад намуданд.
Дар баромади иштирокчиёни чорабинӣ, якчанд масъалаҳо оид ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар иншоотҳои саноатӣ, дастурамали зиддисӯхторӣ ба ҳайати шахсии корхонаҳои саноатӣ, хатари сӯхтор дар иншоотҳои саноатӣ, хусусиятҳои хоси хатари сӯхтор дар иншоотҳо, талаботи зиддисӯхторӣ, корҳои пешгирии сӯхтор дар ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, ҳимояи зиддидудии биноҳо ва иншоот, воситаҳои техникии муҳофизати зиддисӯхторӣ, системаи огоҳкунии зиддисухторӣ ва идоракунии таҳлияи одамон маълумот дода шуд.

127

Вобаста ба пешгирии сӯхторҳое, ки имрӯз аз тарафи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар корхонаҳои саноатӣ мавриди санҷиш карор мегирад ва инчунин барои бартараф кардани камбудиҳои ошкор гардида бо мақсади гузаронидани муоинаи техникӣ-оташнишонӣ дар иншоотҳои саноатӣ муоинаи муфассал ва назоратӣ вазифадор аст, ки на камтар аз ду маротиба дар як сол ҳар як иншооти вобаста кардашударо аз муоинаи техникӣ-оташнишонӣ гузаронанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки маълумотҳое, ки дар баромади маърӯзачиён ба саҳми иштирокчиён расонида шуд, аз тарафи курсантон оид ба самтҳои гузаронидани муоинаи техникӣ-оташнишонӣ дар корхонаҳои саноатӣ, хатарнокии раванди ҷараёни технологӣ дар иншоотҳои истеҳсолӣ» баҳсҳои илмӣ ба вуҷуд омад.
Дар ҷамъбасти семинар – машварати илмӣ аз тарафи профессорону омӯзгорони кафедра якчанд тавсияҳои методӣ барои бартараф кардани камбудиҳое, ки дар корхонаҳои саноатӣ ошкор мегардад, пешниҳод карда шуданд.
Муаллимони кафедраи бехатарӣ аз сухтори факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенати калони милитсия Иброҳимзода Ш.М., лейтенанти милитсия Ҷамолиддинзода М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...