Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки фаъолонаи шунавандагони факултети №3-и Академияи ВКД дар шанбегӣ

124

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба доир намудани корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист дар Вазорати корҳои дохилӣ барои дар амал тадбиқ намудани чунин ташаббусҳои Роҳбари давлат пайваста чорабиниҳои мақсаднок баргузор мегардад.
Дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта бо ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД бо мақсади тоза намудани гирду атроф, аз ҳар гуна партовҳо ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ин боргоҳи илму маърифат шанбегӣ доир карда шуд.
Шунавандагони факултети №3-и Академия бо рӯҳияи баланди ватандӯстона дар саҳни бинои мазкур ба гурӯҳҳо тақсим гашта, атрофи биноро аз ҳар гуна ашёҳои нодаркор тоза намуда, заминҳои атрофро нарм намуданд. Ҳамчунин барои зебо ва дилкаш гардидан дар ҷойҳои нармкардашуда, беш аз 100 ниҳоли ҳамешасабз шинонда шуд.

125

Чунин ободкориҳо агар аз як ҷиҳат ба симои зоҳирии пойтахти кишвар ҳусн зам намояд, аз ҷониби дигар фазои экологии кишварро соф менамояд. Аз ин лиҳоз, новобаста аз самти фаъолият вазифаи ҳар як сокини кишвар аст, ки ҷиҳати ободу дилкаш ва сабзу хуррам гардонидани кишварамон саҳми арзандаи хешро гузорад.
Ҳакимҷон НАЗАРЗОДА

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...