Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаҳо бахшида ба Рӯзи Модар

121

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Хуршеди зиндагӣ» дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Иди 8 март - Рӯзи Модар, мусобиқаҳои варзишӣ миёни корманд-занҳо ва курсант-духтарон ба нақша гирифта шуда буд. 

122

Рӯзи 27-уми феврали соли 2019 баҳри амалӣ намудани нақшаи мазкур ҳайати занҳо ва духтарони факултети №4 Академияи номбурда дар толори варзишии факултет ҷамъ ва мусобиқаҳои мазкур, оғоз карда шуданд.
Дар кушодашавии мусобиқаҳо бахшида ба рӯзи бонувон сардори факултети №4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, бонувони факултетро бо фарорасии иди баҳор, Иди Модар табрик намуд ва барои ба муваффақиятҳо ноил гардидан дар мусобиқаҳои дар пеш истода, бурдбориҳо таманно намуд.

123

Мавриди қайд аст, ки тибқи нақшаи ин чорабинии варзишӣ бонувони факултет аз рӯйи 5 намуди варзиш, яъне волейбол, шашка, шоҳмот, варзиши сабук ва тенниси рӯйи мизӣ, байни худ қувваозмоӣ менамоянд.
Чорабиниҳо дар ин самт идома доранд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...