Машғулияти амалӣ бо шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки кормандони милитсия пеш аз ҳама бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва нерӯмандӣ, ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд.
Санаи 25-уми феврали соли равон таҳти роҳбарии устодон муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, лейтенанти калони милитсия Сайфидинзода С. бо ҳамиштирокии сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти милитсия Ҳасанов Ҷ. бо гурӯҳи шунавандагони курси тайёрии ибтидоии семоҳаи хадамоти дидбонӣ-пайраҳадории РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд машғулияти навбатии хешро аз фанни тайёрии оташфишонӣ дар «Тири электрон»-ии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд.
Дар оғози ин машғулияти амалӣ устодон ба шунавандагон дар аввал зиндагиномаи олим, ихътирокор М.Т.Калашников ва зинаҳои сохти силоҳи пурқуввати автоматиро баррасӣ намуданд. Шунавандагон дар ин раванд оид ба таърихи пайдоиш, сохт, намудҳо ва вазифаи қисмҳои асосии силоҳи оташфишонии худтирпуркуни автомати Калашников маълумоти кофӣ гирифтанд.
Ҳамзамон, дар раванди ин соати машғулияи амалӣ шунавандагон аз устодон боз нозукиҳои тарзи тирпаррониро аз силоҳи оташфишон бо тариқи электронӣ аз автомати Калашников бо пуррагӣ омӯхтанд.
Дар идома шунавандагон боварӣ изҳор намуданд, ки минбаъда дар амалия баҳри боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Собиров И.Ғ., и.в.сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ- хизматӣ, факултети №4 Академияи ВКД, полковники милитсия