Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни ботантанаи 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар Академияи ВКД

117

Рӯзи 22-юми феврали соли 2019 дар Академияи ВКД бо иштироки роҳбарият, ҳайти шахсӣ ва инчунин сардори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, полковник Назарзода Д.П., роҳбари бадеии ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳакимов А., ҷашни бо тантанаи 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи тантанавӣ сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо маърӯза ва сухани табрикотӣ баромад намуда, иброз дошт, ки Артиши миллӣ бо ташаббуси созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-сол муқаддам таъсис дода шуд, ки солҳои истиқлолият ба як нерӯи пурқувват табдил ёфта, аз лиҳози техникию моддӣ муҷаҳаз гардонида шуд.

5354

Дар ин асно як қатор афсарон ва меҳмононе, ки дар чорабинии мазкур иштирок доштанд аз ҷониби сардори Академияи ВКД бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҷашни ботантанаи 26-солагии таъсисёбӣ дар Академияи ВКД дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва идона доир гардида, дӯстию рафоқати афсарону курсантонро боз ҳам қавӣ гардонид.

555657

Дар анҷоми чорабинӣ аз номи ректори Донишгоҳи миллӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, доктори илмҳои филологӣ, профессор Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ 100 адад сару либоси низомӣ ҳамчун туҳфа ба курсантони Академияи ВКД тақдим карда шуд.
Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...