Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иди Артиши миллӣ муборак ҳамватанони азиз!

112

Рӯзи 23-юми феврали соли 2019, дар майдони сафороии факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии професорону омӯзгорон ва курсантони факултет, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин намояндагони дигар қишри ҷомеа, маросими идонаро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд.
Аз тарафи муовини сардори факултет оид ба қисми низомӣ, полковники милитсия Олимзода А. оид ба тантанавор ҷашн гирифтани Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти факултет гузориш дода шуд. Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ низ сардори факултети № 4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А., чорабинии идонаро бо додани саломи низомӣ оғоз намуд ва Суруди миллӣ бо овози зинда ҳонда шуд.

113

Мавсуф ҳозиринро бо Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи муқаддас хайрамақдам гуфт.
Сардори факултет, меҳмонон ва дигар баромадкунандагон аз ҳаёт ва фаъолияти хизматиашон дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, таърих, аҳамияту моҳият ва нақши таъсисёбии Артиши миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон бо овардани иқтибосҳо аз баромадҳо, дастуру супоришҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Инчунин аз тарафи Раиси Шӯрои интернасионалистони вилояти Суғд Ҳакимов Ш. ба сардори факултети мазкур, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. медали «Баҳри ҳифзи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ» тақдим карда шуд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми ҳайати шахсӣ гардид.

114

Аз тарафи муовини сардори факултет оид ба таълиму илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. доир ба ҳавасмандгардонидани ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантон, фармонҳои Вазири корҳои дохилӣ, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултет қироат карда шуд.
Сардори факултет, полковники милитсия Насуриён П.А., як қатор профессорону омӯзгорон ва курсантони фаъолро бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонид.
Ғафуров М.С., муовини сардор оид ба таълим ва илми факултети №4 Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...