Ҷавонон ояндаи миллат
Ҷавонон кувваи бузург ҳастанд
ва ҳар миллат дар ҳар давру замон
аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.
Дар раванди ислоҳоти сохтори идоракунии давлатӣ маҳз ба хотири эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 20-уми феврали соли 2019 дар Кохи Суғдиёни вилояти Суғд фестивал-озмуни “Суруди сарбоз-2019” таҳти унвони “Ҳифзи Ватан муқаддас аст” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Озмун аз 3 шарт иборат буд: суруди якка, хори умумӣ ва композитсияи бадеӣ.
Курсантони факултети №4 дар ин озмун ҷойи дуюмро ишғол карда, шарафи факултетро дар сатҳи вилоят баланд бардоштанд.
Дар асоси Паёмҳои Роҳбари давлат, дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд.
Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.
Шохолиқзода Ш., сардори курси воҳиди таълимӣ -низомӣ, капитани милитсия