Машғулиятҳо дар доираи ислоҳоти милитсия дар ШВКД шаҳри Бӯстон
Баҳри омӯзиш ва иҷрои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 19-марти соли 2013, таҳти №1438 тасдиқ шудааст» ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-майи соли 2014, таҳти №296 тасдиқ шудааст» дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ чорабиниҳо идома доранд.
Рӯзи 22 феврали соли 2019 аз ҷониби устодони факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (воқеъ дар шаҳри Хуҷанд), кафедраи «Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ», сардори кафедра полковники милитсия Муллобоев Муҳаммадҷон Рауфович ва корманд мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ – ҳуқуқи сержанти милитсия Хонкилдиев Азизҷон Баҳодурович байни афсарон ва сержантони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, доир ба мавзӯи дар боло зикршуда машғулиятҳо ташкил ва гузаронида шуд.
Доир ба ислоҳоти милитсия ҳайати шахсӣ саволҳо пешниҳод намуда аз ҷониби устодон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маруфзода М.М., лейтенанти милитсия.