Викторина доир ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар факултети №4 Академияи ВКД
Масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ моҳият ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим дароварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад. Он имконият медиҳад, ки ҷавонони Тоҷикистон, новобаста аз маҳаллу миллат ва нажод, роҳҳои гуногуни тарбияро барои инсони комил будан, интихоб ва амалӣ намоянд.
Мавриди қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштааст.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи донишгоҳҳое мебошад, ки дар ҷодаи омода намудани кадрҳои баландихтисос барои Вазорати корҳои дохилӣ, фаъолият менамояд. Аз тарафи роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки курсантонро дар руҳияи поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида, инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, садоқат ба Ватан, ҳақиқатҷӯӣ ва адолатпарастӣ тарбия намоянд.
Омӯзгорони факултети № 4 аз рӯзҳои аввали таҳсили курсантон дар ин макотиби олӣ, масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ва дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Маҳз масъулияти баланд, ташаббус ва назорати роҳбарияти факултет ва ҳамзамон оштинопазирии омӯзгорон ва кормандони факултет ба таълиму тарбияи курсантон таъсири мусбӣ расонида, ҳама гуна омилҳои манфӣ пешгирӣ карда мешаванд.
Бинобар ин кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҷамъияти илмии курсантон (ҶИК) тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ, дар моҳи феврали соли 2019, викторина доир ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ба нақша гирифта, баҳри иҷрои нақшаи мазкур, санаи 21-уми феврали соли 2019, бо иштироки кормандон ва курсантони факултети №4, байни курсантони курси 2-юми гурӯҳи ҳуқуқшиносӣ ва гурӯҳи ҳайати фармондеҳӣ, викторинаи мазкур ташкил ва гузаронида шуд, ки ҳайати курсантон ва кормандони факултет иштирок намуданд.
Дар викторина бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. баромад намуд. Муовини сардори факултет аз ҷумла қайд кард, ки ҳарчӣ бештар байни курсантон чунин озмун ва викторинаҳо гузаронида шавад, ки курсантон иштирок намуда маҳорат ва малакаи худро сайқал диҳанд.
Тибқи талаботи озмун дастаҳо ба худ номгузорӣ намуда мазмун ва сабаби чунин ном гузоштанашонро муаррифӣ менамоянд. Гурӯҳи ҳуқуқшиносон ба худ номи «Далерон» ва гурӯҳи ҳайати фармондеҳӣ «Аскарони Сомониён» номгузорӣ намудаанд.
Мавриди қайд аст, ки ҳамаи саволҳои дар викторина пешниҳодгардида дар доираи фанҳои меомӯхтаи курсантон буда, бештар ба самти корҳои тарбиявӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ равона карда шудаанд.
Раванди викторина аз тарафи ҳакамон холгузорӣ карда мешуданд, ки озмун бо чунин натиҷа ҷамъбаст карда шуд. Ҷои аввал, бо соҳиб гардидан ба миқдори 47 хол насиби дастаи «Далерон» гардид. Ҳамчунин курсантони курси 2-юм, милитсияҳои қаторӣ Партоев Х.Т., Қудратов Ҳ.М.,Умарзода И.Н., Назаров Б.Қ., Муссоев М.У. ва Раҳимов Р.М. зимни саволу ҷавоб ва иҷрои шартҳои озмун ниҳоят фаъол буданд.
Викторина бисёр пурмазмун шавқовар ва хотирмон ташкил ва гузаронида шуд, ки ба кормандон ва курсантон бисёр писанд омад.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия.