Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯҳбаландии ҷавонони фаъоли кишвар аз дастгириҳои ҳамешагӣ

107

Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки рӯзи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД баргузор гардид, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Маҳмадалӣ Мӯсозода, сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, ҳайати омӯзгорону курсантони Академия ва намояндагони ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз тамоми минтақаву вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

020304

Қабл аз шурӯи чорабинӣ, як гурӯҳ курсантони ин боргоҳи илму маърифат дар саҳни Академия, ки хеле идона ороста шуда буд, дар назди меҳмонону ҷавонони кишвар, усули ба қисмҳо ҷудо кардану боз ҷамъ намудани силоҳи оташфишонро намоиш доданд. Намояндагони ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, ки аксаран бори аввал аз наздик ин ҳолатро дида буданд, бо кафкӯбиҳои зиёд ба ҳунару маҳорати курсантони ҳамсоли худ офарин хонданд. 
Сипас, манзараи дигаре, ки таваҷҷуҳи ҳайати меҳмонон, алалхусус ҷавононро ба худ ҷалб намуд, ин зери навои мусиқӣ бо силоҳ дар даст иҷро кардани рақси махсус аз тарафи курсантдухтарони Академия буд.
Маҳфили идонаи бошукӯҳе, ки баъди ин дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД доир гардид, хеле муассиру хотирмон буд. Сараввал, сардори ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода ташрифи меҳмонон ва намояндагони ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард»-ро ба ин даргоҳи илму дониш хайрамақдам гуфт.

06

Дар идомаи чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом баромади муфассал намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аҳли толорро бо фарорасии ҷашни миллии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният намуд.
Тавре муовини Вазир зикр кард, «гурӯҳи «Авангард» соли 2014 дар ҷумҳурӣ таъсис ёфт, ки имрӯз дар сафҳои худ донишҷӯёну толибилмон ва фаъолҷавонони дорои касбу кори гуногунро муттаҳид намудааст. Дар муддати хеле кӯтоҳ гурӯҳи мазкур, ки аъзои он хизмат ба халқу Ватан, саҳмгузорӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ ва маданияту фарҳанги миллиро пешаи худ қарор додаанд, шумораашон дар кишвар зиёда аз 6 ҳазор нафарро ташкил дод».
Дар идомаи суханронии худ мавсуф аз нақши фаъоли ҷавонони ин гурӯҳ дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар ёдовар шуда, зикр намуд, ки «бо ташаббуси онҳо даҳҳо чорабиниҳои сатҳи гуногун, семинару конфронсҳо, суҳбату вохӯриҳо ва аксияву мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шудааст, ки ин ҳама дар тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии намояндагони ин насли ояндасоз ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ба кору рӯзгори осоишта раҳнамун сохтани ҷавонони роҳгумзада нақши муассир гузоштаанд».

05

08Икром Умарзода, дар баробари пешравиҳо дар кори ҷалби ҷавонони фаъол ба корҳои ҷамъиятӣ, дар идомаи баромадаш, ҳамчунин аз ҳолатҳои дар байни ноболиғону ҷавонон то ҳол ҷой доштани амалу кирдорҳои номатлуб ва пастзанандаи шаъну шарафи инсонӣ изҳори нигаронӣ кард. Ҷиҳати тақвияти ин андешаҳояш, ӯ аз суханрониву баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр намуд, ки «Пешвои миллат дар ҳар як суханрониашон ба масъалаи ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткории ноболиғону ҷавонон дахл карда, аз паҳн гардидани аъмоли ношоиста миёни намояндагони ин насли ояндасоз изҳори ташвиш менамоянд».
Тавре муовини Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, «ҳамаи ин дар ҳолест, ки имрӯз барои таҳсилу фароғат ва машғул шудан ба ҳар гуна машғулиятҳо барои ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд. Аз ҷумла, тавре шумо - намояндагони ҷавонони фаъоли кишвар дида истодаед, макони баргузории чорабинии имрӯзаи мо - Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки туҳфаи арзишманде мебошад баҳри ҷавонони ҷумҳурӣ.
Имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар Академияи он барои машқу тамрини ҷавонон тамоми шароитҳо мавҷуд буда, ҳамсолони шумо дар толорҳои муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳҳои зарурӣ ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мешаванд».
Номбурда изҳори умед намуд, ки «ширкаткунандагони ҷамъомади мазкур, ки донишҷӯёну ҷавонони фаъоли мамлакат мебошанд, метавонанд дар масъалаи пешгирӣ намудан ва мубориза бурдан бо ин гуна зуҳуроти номатлуб, дар байни ҳамсолони худ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баранд».

07

Дар идомаи ҷамъомади мазкур як қатор ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаҳои Кӯлобу Рашт, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ баромад намуда, доир ба пешрафти соҳаи илму маориф изҳори андеша карданд. Аз ҷумла, ҷавонони фаъоли ин гурӯҳ аз корҳои анҷомдодаашон дар маҳалҳои зисти худ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи муҳити зист, ба роҳи рост ҳидоят намудани ноболиғони беҳудагард, бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани ҷавонон, дар ҳамкорӣ бо хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ саҳмгузорӣ намудан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии бегонапарастию амалу рафторҳои ба маданияту фарҳанги миллии мо бегона, бо овардани далелҳо маълумотҳои муфассал доданд.
Дар баромадҳояшон онҳо аз дастгириҳои рӯзафзуни роҳбарияти Ҳукумати кишвар, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ бо дасту дили пок ба Ватану миллати куҳанбунёди худ хизмати содиқона хоҳанд кард. Тавре ҷавонони фаъол қайд карданд, аксари онҳо дар кори тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа бо кормандони милитсия ҳамкории наздик доранд.

0910

Сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар баромади худ аз сатҳи ҳамкориҳои тарафайн бо Вазорати корҳои дохилӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Махсусан, ӯ робитаҳои байни ин ду мақомотро дар самти ба таълиму тарбия ва ҳаёти солим ҷалб сохтани ноболиғону ҷавонони душвортарбия шоистаи таҳсин номид.
Дар идомаи ҷамъомади бошукӯҳ миёни роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва масъулини хадамоту раёсатҳои дахлдори он, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва донишҷӯёну курсантон табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, донишҷӯёну ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» Фирӯз Қодиров, Меъроҷ Ғуломов, Зебо Шарифзода, Қиёмиддин Муҳаммадҷонов, Муборакшо Камолзода ва чанде дигар бо таклифу пешниҳодҳо баромад намуда, сипосу миннатдории худро ба созмондиҳандагони ҷамъомади мазкур баён дошта, қавл доданд, ки дар ҷавоб ба ҳама дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кӯшиш менамоянд бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, дар оянда барои халқу Ватан хизмат намоянд.

11

Сипас, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳамкориҳои судманд бо ВКД, пешгирии ҳолатҳои шомил шудани ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва саҳмгузорӣ дар кори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба зиёда аз 200 нафар ҷавонони фаъол, ки аз минтақаву вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар мебошанд, медали «Барои мусоидат», Ифтихорномаи фахрӣ, Сипосномаву мукофотпулиҳо ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид. Инчунин, аз тарафи роҳбарияти ВКД ба ҳар як иштирокчии ин маҳфили бошукӯҳи идона туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя карда шуд. 
Дар интиҳои чорабинӣ, баҳри болидахотирии иштирокчиёни он барномаи фарҳангӣ-фароғатии кормандону курсантони Академияи ВКД пешкаш гардида, барои меҳмонон - ҷавонони фаъоли кишвар, дастархони идона ороста шуд.

Умед ОЧИЛОВ

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...