Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ оид ба волейбол бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муайян гардиданд
Дастовардҳои варзишӣ тайи солҳои охир собит намуданд, ки ҷавонони Тоҷикистон фарҳанги сулҳу дустӣ, табиати биҳиштосо ва иқтидору имкониятҳои кишвари худро барои ҷаҳониён ба таври шоиставу арзанда муаррифӣ карда метавонанд. Аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдории миллӣ ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд. Бинобар ин масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, махсусан ба варзиш шуғл варзидани ҷавонон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.
Аз ин рӯ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки теъдоди бештари ҳайати шахсии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, пайваста чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он амалӣ карда мешаванд.
Бо ташаббуси роҳбарияти факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи якҷоя бо РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бахшида ба таҷлили рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 18-20-уми феврали соли 2019, дар толори варзишии факултети №4, мусобиқаи варзишӣ аз намуди «Воллейбол» байни ҳайати кормандон ва курсантони факултети номбурда ва ҷузъу том ва шуъбаҳои РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ташкил ва гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур 10 даста, яъне дастаи кормандони факултети № 4, дастаи РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дастаи ШВКДН дар вилояти Суғд, дастаи ШВКД ҶТ дар ш.Хуҷанд, дастаи ШВКД ҶТ дар ш.Бӯстон, дастаи ШВКД ҶТ дар н.Спитамен, дастаи РХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дастаи қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва як даста аз ҳисоби курсантони факултети №4 фаъолона иштирок намуда тибқи ҷадвали баргузориҳои бозиҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Рафти мусобиқаи варзишӣ бо иштирок ва назорати роҳбарияти факултети №4 ва доварони пуртаҷриба аз Федератсияи воллейболи вилояти Суғд, баргузор гардид.
Зимни баргузории мусобиқаҳо ҳар як дастаи волейболбозон кӯшиш менамуданд, ки ба рақиби худ ғолиб оянд, бинобар ин бозиҳо ниҳоят шавқовар ва хотирмон гузашт. Хусусан бозии финалӣ, ки байни дастаҳои курсантони Академия ва ШВКДН дар вилояти Суғд баргузор гардид ба мухлисон ниҳоят писанд омад. Мусобиқа бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфт.
Ҷойи аввал насиби дастаи волейболбозони ШВКДН ҶТ дар в.Суғд, ҷойи дуюм дастаи курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи 3-юм насибу ду даста РХДО дар вилояти Суғд ва дастаи ШВКД ҶТ дар ш.Бӯстон гардид.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ низ сардори факултети № 4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. баромад намуда, ба иштирокчиёни мусобиқаи мазкур миннатдорӣ баён намуда дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва ҷоизадорон медал ва дипломҳоро тақдим намуд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия