Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаҳо бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

99

Ба муносибати таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд як қатор чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, инчунин чорабиниҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он амалӣ карда шуда истодаанд. 

Бояд қайд кард, ки бори аввал бо ташаббуси роҳбарияти факултети №4 Академияи мазкур дар ҳудуди факултет чемпионат оид ба воллейбол байни ҳайати кормандон ва курсантони факултети номбурда ва ҷузъу томҳо ва шуъбаҳои РВКД дар вилояти Суғд, ташкил карда шуд, ки айни ҳол 10 даста тибқи ҷадвали баргузориҳои мусобиқаҳо, қувваозмоӣ намуда истодаанд.
Бозиҳо ниҳоят шавқовар ва хотирмон гузашта истодаанд. Аллакай дастаҳои беҳтарин ва пурқувват, ки дар бозиҳои ниҳоӣ аз ҷиҳати хуб худро муаррифӣ намуданд ин дастаи ШВКДН дар вилояти Суғд, дастаи курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи РХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мебошанд ва эҳтимол аст, ки яке аз ин дастаҳо чемпиони мутлақ гардад.

100

Мавриди қайд аст, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чемпионати мазкур аз Федератсияи воллейболи вилояти Суғд доварони пуртаҷриба даъват карда шуданд, инчунин дар қуръапартоӣ ва кушодашавии чемпионат оид ба волейбол шахсан сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. бевосита иштирок намуда, дар фазои идона ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқаи варзишӣ муваффақиятҳо таманно намуд.
Чорабиниҳо дар ин самт идома доранд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии
касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...