Баргузор гардидани семинари муштараки таълимӣ-методии он-лайн
Рӯзи 18 феврали соли 2019 мутобиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Уфа, ки 14 апрели соли 2017 ба имзо расидааст, семинари муштараки таълимӣ-методӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои баамалбарории усулҳои амалӣ-ҷараёнӣ дар рафти азхудкунии барномаҳои асосии таълимии касбӣ» (Проблемы применения практико-ориентированного подхода при реализации основных профессиональных образовательных программ) дар режими он-лайн гузаронида шуд.
Дар семинари муштараки мазкур инчунин, омӯзгорон ва мутахассисони Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Б.Бейсенови шаҳри Караганда, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи М.Букенбоеви ш.Актюбинск, Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус иштирок намуданд.
Бо суханҳои ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Уфа оид ба таълим, полковники политсия Голдобина Лилия Флоритовна, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус оид ба таълим, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Башан Алексей Владимирович ва муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ баромад намуданд.
Иштирокчиёни семинар оид ба истифодабарии усулҳои амалӣ-ҷараёнии барномаҳои асосии таълимии касбӣ, тарҳсозии вазъияти фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дар дарсҳои амалӣ, ҳамчунин масъалаҳои таъсирнокии усули гуногуни баҳодиҳии дониш, иттилоот пешниҳод намуданд.
Аз номи Академияи ВКД сардори факултети №1 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Нозиров Нақиб Алиевич бо маърӯза дар мавзӯи «Ташкил намудани таҳсили амалӣ-ҷараёнӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» («Организация практико-ориентированного обучения в Академии МВД Республики Таджикистан») баромад намуд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи омӯзгорон ва мутахассисони муассисаҳо-иштирокичиёни семинари он-лайн оид ба хусусиятҳои раванди таълимии муассисаҳои системаи ВКД, инчунин, дигар саволҳо вобаста ба ҷараёни таълимӣ пешниҳод шуданд.
Каримова Л.М., подполковники милитсия