Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории Фестивали ҷумҳуриявӣ оид ба «Санъатҳои муҳорибавӣ» Дар Академияи ВКД

96

Бо мақсади иҷрои нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, санаи 16 феврали соли 2019 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фестивал оид ба «Санъатҳои муҳорибавӣ», бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид. 

02

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал- майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оғоз бахшида, иштирокчиёни Фестивалро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ифтихори ин санаи тақдирсозу муқаддаси миллиамон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно намуд.

0304

Бояд қайд намуд, ки дар кори Фестивали варзишӣ, намояндагони баруманди соҳаи варзиши кишвар, ҷоизадорони ҷомҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии Динамои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Шоҳиён. А., Раиси Федератсияи Иайдзютсу ва Айкидои муҳорибавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ «Дан -3», Шарипов Абдулазиз, Узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи Унифайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маҷлиси вакилони халқ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлуба Каримова, дастаи тими яккачини курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии чемпиони 3 каратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ «Дан - 1» доир ба Айкидои муҳорибавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия Сураҷи Фирдавс, Раиси Федератсияи Ҷиткундо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи камарбанди сиёҳ «Дан - 3» Мирзоев Собир, Раиси Федератсияи Карате – Киёкшинкай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳикмат Кароматуллоев, Раиси Федератсияи Ушу-сандай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафаров Мавлон, Раиси Филиали ММА дар шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷизода Фаррӯх, Раиси Федератсияи Карате – шотокан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Табаров Фотеҳ, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо, иншоооти варзишӣ» -и шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонони олиқадр иштирок намуда, ҳунари варзишии хешро намоиш доданд.

05060708

Масъулияти баррандагиро дар фестивали мазкур бошад, Муҳаррири варзидаи шабакаи телевизиони «Варзиш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тешаев Муродалӣ бар уҳда дошта аз нигоҳи касбӣ ҳунарнамоии варзишгоронро ба меҳмонон ва тамошобинон муаррифӣ намуд. 
Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни Фестивали мазкур дастаи ҳаваскорони Академияи ВКД барои болида намудани хотири меҳмонон ва ҳусни идона бахшидан ба фестивали варзишӣ ҳунарнамоӣ карданд. 
Сипас меҳмонон аз бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо муосиртарин таҷҳизоти таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, миннатдории хешро ба роҳбарияти ВКД ва Академия изҳор намуданд.

09

Дар анҷоми фестивал ба Раисони федератсияҳо ва иштирокчиёни озмун аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷом ва дипломҳо супорида шуда, ҳамзамон аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба иштирокчиёни Фестивал дастурхони идона ороста шуд.

Самиъзода Б.С., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...