Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи меҳмонон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

93

Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тайи 15 соли охир Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» дар муносиботи байналмиалиро роҳандозӣ намуда, минбаъд низ аз ин мавқеъ пуштибонӣ хоҳад кард. Бартарии ин сиёсат дар он аст, ки Академияи ВКД метавонад бо муассисаҳои олии ВКД/Политсияи кишварҳои дуру наздик, инчунин, бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намояд, чунки ҳоло фаъолият дар соҳаи робитаҳои байналмилалӣ як амри табиист.
Дар ин ҷода санаи 12 феврали соли 2019 ба Академияи ВКД эксперти Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҷаноби Доналд Госелин, намояндагони Сафратхонаи ИМА дар Душанбе, ҷаноби Сарват Ансорӣ ва ҷаноби Хирад Каргасов ташриф оварданд.

94

Меҳмононро сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, полковники милитсия Саидзода З.А., сардори шуъбаи адюнктураи Академияи ВКД, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. пешвоз гирифтанд.
Мақсади ташриф овардан – ин ба амалбарории бандҳои дахлдори Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳарду ҷониб ба хулосае омаданд, ки табодули намояндагони ҷонибҳо ҷиҳати муайян сохтан ва татбиқи имкониятҳои таҷрибаи пешқадами мувофиқу судманд аз манфиат холӣ нест.

95

Меҳмонон ҳамчунин бо инфрасохтори Академияи ВКД шиносоӣ пайдо карда, аз бинои нави Академияи мазкур дидан намуданд.
Каримова Л.М., подполковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э., полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...