Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкориҳои судманди Академияи ВКД бо факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

89

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 бармеояд, баҳри баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгорон санаи 8-9-уми феврали соли 2019 вохӯрӣ ва таҷрибаомӯзии омӯзгорони Академияи ВКД аз факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

90

Дар саҳни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ҳайати омӯзгорони Академияро иборат аз 21 нафар мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт, ҳуқуқи истифодабарии сарватҳои табиӣ, н.и.ҳ., дотсент Қурбонов Қ.Б. пешвоз гирифт. Ҳайати омӯзгоронро устод Қурбонов К.Б. бо тарзи ташкили раванди таълим, синфхонаҳо, синфхонаҳои махсуси таълимӣ-электронӣ, китобхонаи электронӣ, кафедраҳои факултет ва устодони он аз наздик шинос намуд. Мудирони кафедраҳои факултети ҳуқуқшиносӣ дар бораи дастовардҳои илмӣ-таълимӣ маълумоти мухтассар дода, иброз намуданд, ки аз ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди Академияи ВКД бо факултети ҳуқуқшиносии ДМТ хеле қаноатманд мебошанд, ҳамчунин онҳо қайд намуданд, ки аз он хушнуд мебошанд, ки шахсан Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баҳри тақвияти корҳои илмӣ дар факултет хеле саҳмгузор мебошанд, ки маҳз бо туфайли иқдоми Вазири корҳои дохилӣ фанни таълими қисми умумии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар факултет ҷорӣ гардид. Факултети ҳуқуқшиносии ДМТ яке аз маркази бонуфузи омода намудани кадрҳо барои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хисоб рафта, робитаи зичи корӣ дар ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо дорад. Устодони факултети мазкур тасмим гирифтанд, ки минбаъд ҳам робитаро бо Академияи ВКД дар самти таълим ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мустаҳкам намуда, омодаанд, дар ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба омӯзгорони Академияи ВКД кӯмаки амалӣ намоянд.

91

Аз таҷрибаомӯзии навбатие, ки бо иқдоми сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзали Рахмоналӣ амалӣ гашт, омӯзгорони Академияи ВКД навгониҳои илмӣ ва тарзи услуби фаъоли таълимро аз устодони факултети ҳуқуқштиносии ДМТ аз бар намуда, ба роҳбарият ва устодони ин маркази илму маърифати ҳуқуқӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...