Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД курсҳои такмили ихтисосро хатм намуданд

86

Аз 9-уми январ то 9-уми феврали соли 2018 дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони самти фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ба курси такмили ихтисос ҷалб гардиданд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД кӯшиш намуданд, ки дар ин муддат баҳри сайқал додани савияи дониши назариявӣ ва амалии кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД саҳми худро гузоранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои гузаронидани дарсҳо дар ин самт мутахассисони ботаҷрибаи соҳа даъват гардида буданд.
Санаи 9-уми феврал бо иштироки муовини сардори Академияи ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. маросими тантанавии супоридани сертификатҳо ба шунавандагони курси такмили ихтисос баргузор гардид.

8788

Зимни суханронии худ полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. шунавандагонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо дар кори амалӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси мазкур бо рӯҳияи баланд аз роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД барои ташкили чунин курсҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳалимзода Д.Д., Сафаров О.Х.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...