Машғулият доир ба ислоҳоти милитсия
Баҳри омӯзиш, рушд ва иҷрои «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 19 марти соли 2013, таҳти №1438 тасдиқ шудааст» ва «Барномаи ислоҳот (рушд)-и милитсия барои солҳои 2014-2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-майи соли 2014, таҳти №296 тасдиқ шудааст» аз ҷониби устодони факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кафедраи «Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ» сардори кафедра полковники милитсия Муллобоев Муҳаммадҷон Рауфович ва муаллими калони кафедраи мазкур майори милитсия Абдусатторзода Насимҷон Абдусаттор байни афсарон ва сержантони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров, доир ба мавзӯи дар боло зикршуда санаи 1-уми феврали 2019 сол машғулиятҳо ташкил ва гузаронида шуд.
Доир ба ин мавзӯъ ҳайати шахсӣ саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби устодон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Абдуллозода Д.А., муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, лейтенанти милитсия.