Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳифаи нави ҳамкориҳои Барномаи САҲА дар Душанбе бо Академияи ВКД

83

Рӯзи 30 январи соли 2019 ба Академияи ВКД намояндагони Дафтари САҲА дар Тоҷикистон – иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Барномаи САҲА дар ш.Душанбе, ҷаноби Фейзо Нуманай, мушовири генералӣ оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Барномаи САҲА, ҷаноби Дмитрий Геннадиевич Капортсев, инчунин, афсари миллӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти милитсия Маҳмадиев Ҳайдар Холович ташриф оварданд.

201202

Меҳмононро Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шодмонзода Ф.А., сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., муовини якуми сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, полковники милитсия Саидзода З.А., муовини сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Додарбеков Р.Б., инчунин, намояндагони Раёсати ташхисӣ (эксперт)-криминалистии ВКД, пешвоз гирифтанд.
Вохӯрии мазкур дар доираи иҷрои Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2014 таҳти №296 тасдиқ шудааст, баргузор гардид. 
Мақсади ташриф овардан ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин супоридани таҷҳизоти махсуси криминалистӣ (ҷуздонҳои муфаттишӣ), компютерҳо ва дигар лавозимоти таълимӣ барои синфхонаи криминалистикаи факултети №2 Академияи ВКД ва инчунин муҳокимаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти милитсия ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ буд.

203

Дар рафти вохӯрӣ ҳалнома оид ба тақвият додани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун қабул гардид. 
Бояд зикр намуд, ки ҳамкории САҲА бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр пурмазмун ва ҳамаҷониба мебошад. 
Каримова Л.М., подполковники милитсия
Убайдуллоев Ш.Э., полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...