Баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи курсантони Академияи ВКД - мароми мост!
Вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои асосии Академияи ВКД санаи 28-уми январ вохӯрии роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо волидони курси якум таҳти унвони «Баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи курсантони Академияи ВКД - мароми мост» доир гардид, ки дар баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва тарбия мусоидат намуда, ҳамкории байни омӯзгорон ва падару модаронро дучанд зиёд менамояд.
Қайд кардан зарур аст, ки сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ зимни суханронӣ дар ин вохӯрӣ қайд намуд, ки «рӯз то рӯз шароити таҳсил дар Академияи ВКД беҳтар шуда истодааст. Аз ҷумла, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академия бо тамоми шароити ҷавобгӯй ба талаботи замон сохта ба истифода дода шуд, ки ин моро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшиши худро ба хизмати софдилона равона намоем. Волидайни азиз, Шумо худ шоҳид гаштед, ки фарзандонатон дар шароити беҳтарини замони муосир таълим гирифта истодаанд. Моро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таълим ва тарбияи фарзандони Шумо вазифадор намудааст, аммо Шумо низ бояд нисбати таълим ва тарбияи дурусти фарзандони хеш муносибати ҷиддӣ намоед».
Дар идомаи баромади худ мавсуф аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иқтибос оварда зикр намуд, ки “дар охири асри бист ва оғози асри бисту як сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, одамрабоӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои фавқулодаи вобаста ба он, бемориҳои сироятӣ, шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардид. Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳамияти хосса зоҳир намоем”.
Дар ин ҷамъомад сардори Академияи ВКД дар муроҷиат ба волидони курсантон таъкид дошт, ки “шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷиистон, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои ноором ширкат варзида истодаанд, аксаран ҷавонон мебошанд, ки қисмати зиёди онҳо ё ба ватан баргаштаанд ва ё зимни задухӯрдҳо ба ҳалокат расиданд. Аз ин рӯ, нисбати таълим ва тарбияи дурусти фарзандони хеш ҷиддӣ муносибат намоед, то дар оянда фарзандонатон шахси баркамоли ҷомеа гарданд ва ба доми гурӯҳҳои террористию экстремистӣ гирифтор нашаванд”.
Дар идомаи суханронии хеш генерал-майори милитсия Ф. Шарифзода аз манъи истифодабарии телефони мобилӣ ҳангоми машғулиятҳо ёдовар шуда, қайд намуд, ки “истифодаи телефони мобилӣ дар дохили Академия манъ гардидааст, аммо баъзе аз фарзандони Шумо талаботи ин фармон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вайрон мекунанд, ки мо нисбати онҳо ҷазоҳои интизомии то хориҷ намудан аз сафи курсантонро татбиқ менамоем”.
Масъалаи дигаре, ки роҳбарияти Академияи ВКД-ро ба ташвиш овардаву дар ин ҷамъомад мавриди баррасӣ қарор гирифт, бо автомашинаҳои шахсӣ ба дарс омадани курсантон мебошад, ки тавре зикр гардид, нисбати ин масъала низ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Ҳамзамон, сардори Академияи ВКД қайд кард, ки дар ҷодаи пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, содир кардани садамаи марговари нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ, ба Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки вобаста ба ин масъала низ падару модаронро зарур аст, ки диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар идомаи ҷамъомади мазкур, инчунин сардорони факултети №2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Ализода А.Ш., факултети №5, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ. ва факултети №6, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Самиев Н.М. баромад намуда, аз талаботи санаду меъёрҳои ҳуқуқие, ки раванди таълимро ба танзим медароранд, ёдовар шуданд.
Дар ин вохӯрӣ, ҳамзамон муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Зебо Ҷумахонзода баромад намуда, оид ба паҳлуҳои гуногуни уҳдадориҳои падару модарон, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баромад карда, иброз намуд, ки “хондан дар Академияи ВКД ифтихор аст ва Шумо - волидайни азиз, фахр мекунед, ки фарзандонатон дар чунин муасиссисаи таълимии бонуфуз таҳсил мекунанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки ҳар як амали фарзандони Шумо, мутобиқи Оинномаи Академия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳогузорӣ карда мешавад. Роҳбарияти ВКД ва Академияи он тасмим гирифтааст, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва интизоми таълимӣ-хизматии курсантон равона созанд”.
Дар охири ин ҷамъомади судманд, роҳбарияти Академияи ВКД волидонеро, ки фарзандонашон дар ин таълимгоҳ бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар чорабиниҳои сатҳи ВКД ва Академия фаъолона ширкат меварзанд, бо Сипоснома ва Раҳматномаҳо сарфароз гардониданд.
Шомурод ҲАЙДАРЗОДА,
Бозоралӣ АСЛАМОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ