Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи рафиқона оид ба футболи хурд байни курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон

80

Дар партави рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарафи РВКД дар вилояти Суғд ҷиҳати ҳамкориҳои мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар санаи 24-уми январи соли 2019 намояндагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла 30 нафар курсантони Академияи номбурда, ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ истиқбол гардида, тибқи нақшаи алоҳида тӯли буду боши онҳо дар вилояти Суғд, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, бо мақсади хотирмон гузаштани ташрифи онҳо, ташкил карда шуд.
Дар ҳамин асос санаи 26-уми январи соли 2019 дар толори варзишии маркази таълимии шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон, мусобиқаи рафиқона байни дастаҳои курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба футболи хурд ташкил ва гузаронида шуд.

606

Мусобиқаи мазкур аз тарафи роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ, бо риояи ҳамаи талаботҳо, ташкил карда шуд. Ҳамзамон намояндагони ҳарду дастаҳо дар толори варзишӣ ширкат варзида мухлисӣ намуданд, ки аз ҳамин сабаб мусобиқа ниҳоят шавқовар ва хотирмон гузашт. Натиҷаи мусобиқаи рафиқона бо холҳои баробар (5:5) анҷом ёфт. Иштирокчиёни мусобиқаи мазкур дар фазои тантанавӣ аз тарафи роҳбарияти РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ (соатҳои дастӣ) ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳадаф аз ташкили ин мусобиқаи рафиқона инкишоф ва равнақ додани муносибатҳои дуҷонибаи судманд бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, ин имконият медиҳад, ки кадрҳои оянда тавассути чунин ҳамкориҳо аз ӯҳдаи вазифаҳои мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ дар миқёси байнидавлатӣ низ баромада тавонанд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...