Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо…
«Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдори кишвар вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои созандаву дарозмуддати Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва дигар шарикони анъанавӣ ҳадафмандона чораҷӯӣ намоянд».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари маҳбубамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва яке аз комёбиҳои хеле судманд дар ин радиф дӯстии кишварҳои ҳамсоя байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари Ӯзбекистонро шарики стратегӣ номида, баҳри наздикшавии мардуми ӯзбеку тоҷик иқдомҳои некро анҷом дода истодаанд.
Чанд рӯз аст, ки ба РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, як гуруҳ ҳайати курсантону устодони Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.
Бо мақсади шиносоии онҳо аз ҷойҳои фарҳангиву таърихии вилояти Суғд ба онҳо гурӯҳи курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ карда шуданд.
Санаи 25 январи соли 2019 сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қ.Б. меҳмононро ба ҳузур пазируфта, суҳбати озод ташкил намуд. Аз тарафи курсантон пешниҳод гардид, ки онҳо хостори боз ҳам наздиктар шудан ва шиносоӣ пайдо намудан аз вазъи таҳсил дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.
Бо ин мақсад таҳти сарпарастии сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қ.Б. меҳмонон аз ҷойҳои таърихии вилояти Суғд шиносоӣ пайдо карданд.
Дар радифи ин гуна шиносоӣ курсантони ҳар ду кишвар бо ҳам дӯстӣ пайдо намуданд. Дӯстии байни ҷавонони мақомоти корҳои дохилии ин ду кишвар имконият медиҳад, ки оянда дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳамкорӣ намуда, барои рушди ватани худ саҳми босазо гузоранд. Бошад, ки ин гуна иқдомҳои нек боз зиёдтар шуда, дӯстии байни кишварҳо боз ҳам наздиктару мустаҳкамтар шавад.
Абдулатифов У.Ҳ., полковники милитсия.