Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти амалии кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар курси такмили ихтисос

«Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд».

Эмомалӣ Раҳмон

77Алоқамандии назария бо амалия яке аз унсурҳои омодасозии мутахассисони мақомоти корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳамарӯза роҳбарияти факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба ин масъала диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
Дар раванди такмили донишҳои назариявии кормандони ҳайати роҳбарикунандаи миёнаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и РВКД дар вилояти Суғд баҳри иҷрои нақшаи гузаронидани машғулиятҳо дарси навбатии амалиро аз фанни тайёрии оташфишонӣ роҷеъ ба мавзӯи «Таъинот, қисмҳои асосӣ ва маълумоти техникии автомати Калашников» дар синфхонаи «Тири электронӣ»-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд.
Дар раванди гузаронидани машғулияти амалӣ доир ба мавзӯъ, мӯҳтаво ба таъинот, сохт ва қисмҳои асосӣ, маълумоти техникӣ, тартиби ба қисмҳои пурра ва нопурра ҷудо ва пайваст намудан, тарзи тирпарронӣ аз силоҳи пурқуввати оташфишонӣ автомати Калашников ва инчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти истифодаи ин намуди силоҳ ба шунавандагон фаҳмонида дода шуд. Ҳамзамон дар ин машғулият шунавандагон аз наздик бо тарзи кори ҳар як қисмҳои силоҳи пуриқтидори автоматӣ ва тартиби нигоҳдории он дар ҷойҳои муайяншуда шинос шуданд.
Ташкил ва гузаронидани ин машғулият ба шунавандагон хотирмон буд, зеро онҳо ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ оид ба омӯхтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар борати силоҳ» ва истифодаи силоҳи оташфишон ҳамчун чораи ниҳоӣ аз ҷониби кормандони милитсия мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва инчунин бо шарт ва доираҳои қонун муқаррарнамуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Собиров И.Ғ., муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...