Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси факултети №3

70

Аз 14 то 24-уми январи соли равон, дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон ба курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ҷалб гардиданд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД кӯшиш намуданд, ки дар ин муддат баҳри сайқал додани савияи дониши назариявӣ ва амалии кормандони оперативӣ саҳми худро гузоранд.

717273

Қайд кардан ба маврид аст, ки мувофиқи нақшаи тасдиқ гардида аз тарафи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, барои гузаронидани дарсҳо дар ин самт мутахассисони ботаҷрибаи соҳа даъват гардида буданд.
Санаи 24-уми январ бо иштироки муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳо ба шунавандагони курси такмили ихтисос баргузор гардид.

74

Зимни суханронии худ Кабирзода Ҷ.Ҳ. шунавандагонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо дар кори амалӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Ҳалимзода Д.Д., Сафаров О.Х.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...