Ҷаласаи кушоди Ҷамъияти илмии курсантон «Қонун ва низом» оид ба моҳияти Паёми Пешвои миллат
Рӯзи 21-уми январи соли равон бо иштироки сардори факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М., роҳбари Ҷамъияти илмии курсантон «Қонун ва низом»-и кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ лейтенанти калони милитсия Вализода С.А., муаллими кафедраи мазкур, лейтенанти калони милитсия Муродов Ф.А. ва сардори курси воҳиди таълимӣ-низомии факултети №6, прапоршики милитсия Аскарзода И.А., бо курсантони аъзои ҷамъияти номбурда дар синфхонаи махсус «Оид ба тайёр намудани мутахассисон дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм» ҷаласаи кушод гузаронида шуд.
Дар ҷаласаи мазкур сардори факултети №6, н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М. ва роҳбари ҶИК-и «Қонун ва низом» лейтенанти калони милитсия Вализода С.А., оид ба фаъолияти ҷамъият ва шиносоӣ бо курсантони аъзои ҷамъият, ки аз ҳисоби курси 1 факултети №6, ҷалб шудаанд, моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар бораи мубориза бар зидди терроризм маърӯза намуданд.
Вализода С.А.