Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳои назарраси варзишгарони Академияи ВКД дар соли нав

66

Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсон ҳамчун омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории натанҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб мешавад. 

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо варзишгарони мамлакат қайд намуданд, ки «Аз касе пӯшида нест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст. Зеро мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии онҳо беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд». 
Таърихи 13 январи соли 2019 бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар толори варзишии «Сипар»-и шаҳри Ваҳдат мусобиқаи кушоди шаҳрӣ доир ба санъати муҳориба ва муҳорибаҳои омехта (ММА) баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа беш аз 100 варзишгарон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

458459

Тими яккачини курсантони курси 1-уми факултети № 2 Академияи ВКД дар чорабинии варзишии мазкур фаъолона иштирок намуда, 9 медали тилло ва 8 медали нуқраро ба даст оварданд. Инчунин, ба мураббии ин гурӯҳи варзишӣ - устоди варзиш, лейтенанти хурди милитсия Сураҷи Фирдавс ва сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, капитани милитсия Назаров Манучеҳр Сипосномаҳо супорида шуданд.

460

Ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД ба варзишгарони худ саломатӣ, хушбахтӣ ва ба хотири таҳкими шӯҳрату обрӯи Ватан – Тоҷикистони азизамон пирӯзиҳои тоза ва фатҳи қуллаҳои нав ба нави варзиширо таманно доранд.
Сафаров О.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...