Дарси намунавии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курсҳои такмили ихтисоси кормандони ҳифзи ҳуқуқ
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 14-ум то 24-уми январи соли 2019 курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти мубориза бар зидди ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон ташкил гардида, гузаронида мешаванд.
Ба курси мазкур 20 нафар шунавандагон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъавори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарсҳои назариявӣ ва амалӣ фаро гирифта шудаанд.
Санаи 17.01.2019 аз ҷониби сардори Академия н.и.ҳ., дотсент генерал майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дарси намунавӣ дар мавзӯӣ «Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва намудҳои он, асосҳо ва шартҳои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дарси намунавӣ гузаронида шуд.
Шунавандагони курсҳои такмили ихтисос дарсро бо мароқи том гӯш карда, дониши заруриро дар самти кори оперативӣ аз худ намуда, бо рӯҳияи баланд аз роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академия барои ташкили чунин курсҳои муфид изҳори минатдорӣ намуданд.
Ҳалимзода Д.Д.
Асламов Б.С.
Сафаров О.