Омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бо сокинони ноҳияи Ховалинг
Дар асоси супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2018, аз санаи 8-ум то 16-уми январи соли 2019 муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким ва Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳимов Қ. дар ноҳияи Ховалинг бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Лоҳутӣ, Ҷомбахт, ба номи Ғаффор Мирзо, Шугнов, шаҳраки Ховалинг аз наздик вохӯрда, муҳтавои Паёми Пешвои миллатро ба онҳо расониданд.
Чунин вохӯриҳои судманд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, ШВКД дар ноҳияи Ховалинг низ баргузор гардиданд, ки хизматчиёни давлатӣ аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» изҳори хушнудӣ намуданд.
Бояд иброз намуд, ки дар як қатор деҳоти ноҳияи Ховалинг сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ босуръат идома дорад.
Аҳолии ноҳияи Ҳовалинг бо як руҳияи баланд муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро қабул намуданд.
Баррасии Паёми Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Ховалинг дар руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, сокинони ноҳия иброз намуданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ менамоянд.
Асламов Б.С., Каримова Л.М.