Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём - роҳнамо ба зиндагии шоиста

61

Дар таърихи 14-уми январи соли 2019 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта буд, бо ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуда, онро ҳуҷҷати муҳим ва раҳнамо арзёбӣ намуд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияро ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, риоя намудани интизоми хизматӣ, омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир, муборизони матин бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар амалҳои номатлуб ҳидоят намуд. Инчунин курсантони Академияро ҷавонони саодатманду хушиқболи даврони истиқлол номида, барои ба ғамхориву таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати кишвар сазовор будан, донишҳои муосирро аз худ намуда, ақлу заковати зеҳнӣ ва зиракию ҳушёрии хешро баланд бардоштан, мутахассисони варзидаи мақомоти корҳои дохилӣ будан ҳидоят намуд.
Рисолати ҳар яки мо имрӯз пеш аз ҳама ҳифзи арзишҳои миллӣ, муқовимат бо андешаҳои тундгаро ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм мебошад. Ҷавононро бояд дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз созандагиву бунёдкорӣ тарбия намуд, то ҳамеша пайрави андешаҳои солиму солеҳ бошанд, - қайд намуд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро.
Дар асл ҳар як нуқтаи Паёми Пешвои муаззами миллат нақшаи ояндаи ҷавонони кишварро муайян мекунад. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта саршор аз муждаҳои неку ҳадафҳои созанда буда, роҳнамои беназирест сӯйи музаффариятҳои нав ба нав.
Азиза Давлатшоева, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...