Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсҳои кӯтоҳмуддат - заминаи ташаккули маҳорати касбӣ

04Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26-уми декабри соли 2018 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин ироа намуданд: «Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд барои омӯхтани такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд».

Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани таъкидҳои Пешвои миллат дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар баробари дигар факултетҳои Академияи ВКД дар факултети №4 дар кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос низ омӯзиши курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ ва баланд бардоштани савияи маҳорату малакаи технологияи компютерӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.
Шунавандагон зимни таҳсил дар ин курсҳо аз тағйироту иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ, фармонҳои навсодиршудаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, реҷаи махфӣ, ислоҳоти забоншиносон дар грамматикаи забони тоҷикӣ ва омӯзиши забони русӣ аз наздик шинос шуда, донишҳои назариявии худро боз ҳам баланд мебардоранд.
Ҳоло дар ин курси кӯтоҳмуддат 23 нафар кормандони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо ва РВКД дар вилояти Суғд таҳсил карда истодаанд.
Баланд бардоштани донишҳои назариявии кормандони ҷавон доир ба забономӯзӣ яке аз масъалаҳои мубрам дар мақомоти корҳои дохилӣ буда, барои мақому манзалати кормандон дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминагузорӣ менамояд.
Яке аз талаботи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи ислоҳоти рушди милитсия барои солҳои 2014-2020 низ аз донистани забонҳои хориҷӣ ва корбарӣ карда тавонистани тамоми кормандон аз технологияи компютерӣ иборат мебошад.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...