Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши матни суханронии Пешвои муаззами миллат, бахшида ба Рӯзи милитсия дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

59

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ифтитоҳи бинои нави маъмурии Вазорат, Маркази муштарак оид ба муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсия санаи 9-10 ноябри соли 2018 изҳор намуда буданд, дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ корҳои муайяне анҷом меёбанд.

Яке аз чунин чорабиниҳое, ки дар асоси дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади иҷрои талаботи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, баргузор гардидани ҷамъомади умумиакадемӣ бо иштироки роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, шунавандагону курсантон мебошад, ки дар таърихи 7-уми январи соли равон сурат гирифт.
Дар ҷамъомад роҳбарияти Академияи ВКД, оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханронии хеш бахшида ба Рӯзи милитсия иброз намуда буданд сухан намуда, сипас сухани навбатӣ барои маърӯза дар доираи масъалаи мазкур ба муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия Самиъзода Б.С. дода шуд.

60

Дар суханронии омӯзгор таъкид гардид, ки ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти корҳои дохилӣ, ки мунтазам сурат мегирад барои мо кормандону хизматчиён мояи ифтихор буда, ҳамзамон далели нигоҳи неки Пешвои муаззам ба фаъолияти касбии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Инчунин зикр карда шуд, ки дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бахшида ба Рӯзи милитсия сурат гирифт, тамоми паҳлӯҳои фаъолияти касбии мо - кормандон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд, ки омӯзиш ва ҳарчи бештар амалисозии нуқтаҳои суханронӣ роҳнамои фаъолияти касбӣ баромад хоҳад намуд.
Дар анҷоми ҷамъомад ба роҳбарияти Академияи ВКД, ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантону шунавандагони ин даргоҳи маърифату низом фаъолияти бенуқсони хизматӣ ва дар ҷодаи омӯзиш ва таълиму тарбияи насли ҷавони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бурдборӣ таманно карда шуд.
Самиъзода Б.С., омӯзгори калони Академияи ВКД, майори милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...