Миҷгона Самадова - варзишгари сол байни бонувон
Самадова Миҷгона Абдусаломовна - курсанти курси дуюми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хатмкунандаи мактаби №28 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳанӯз аз хурдӣ ба варзиш рағбати беандоза дошт.
Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба «Кигбоксинг»-ро сазовор гаштан низ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Аввалин маротиба соли 2008 ҳангоми толибаи муассисаи таҳсилоти умумӣ будан, ки ҳамагӣ дар синфи дуюм таҳсил мекард, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуда сазовори ҷойи намоён гардида буд.
Духтараки синфи дуюм аз ин ғалаба руҳбаланд гардида, боз омодагии ҷиддиро дар ин самт идома дода, дар чандин мусобиқаҳои дигари ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегардад…
Соли 2012 бахт ба рӯяш механдад ва духтараки синфи ҳафтуми мактаби миёнаи №28 ноҳияи Фирдавсӣ берун аз ҷумҳурӣ дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба муҳорибаҳои тан ба тан дар шаҳри Сочии Федератсияи Росия иштирок намуда, дар байни варзишгарон аз 40 давлати ҷаҳон сазовори ҷойи якум гардида, бо ду медали тилло ба Ватан бармегардад. Муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи Миҷгона, баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон буд.
Ин мусобиқа барои духтараки ҷавон як такони ҷиддӣ буда, руҳияи ӯро боз ҳам қавӣ гардонд. Минбаъд Миҷгона омодагиро дар толори варзишии ФОК таҳти роҳбарии Матлуба Каримова дучанд намуд.
Соли 2013 дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба муҳорибаҳои тан ба тан дар шаҳри Калуга иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва ду медали тилло мегардад.
Соли 2014 дар мусобиқаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе оид ба муҳорибаҳои тан ба тан ширкат варзида, сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардида, Парчами кишвари азизамонро баланд мебардорад.
Доираи омодагӣ барои қаҳрамони мо тангӣ карда, ӯ устоди хешро иваз мекунад, акнун дар толори варзишии «Вефацентр» таҳти роҳбарии устоди варзида Урунов Фурқат омодагии хешро идома медиҳад.
Минбаъд устоди Миҷгона, Урунов Фурқат омодагии хешро боз ҳам ҷиддӣ ба роҳ мемонад. Натиҷа ин буд, ки соли 2016 дар чемпионати ҷаҳон оид ба «Таэквандо-ИТФ» дар Италия иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм байни 62 давлат мешавад ва бо медали биринҷӣ мушараф мегардад.
Соли 2017 дар шаҳри Ашқобод дар мусобиқаи панҷумини бозиҳои Осиёӣ иштирок намуда, сазовори аввалин медали тилло дар байни варзишгарон аз Тоҷикистон мегардад.
Соли 2018 дар мусобиқаи Осиё дар Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба «Кикбоксинг» бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок намуда, ҷойи якумро чун ҳарвақта ба даст меорад ва сазовори се медали тилло мегардад.
Минбаъд низ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро қобилияти баланди варзишгардухтар Миҷгонаро ба инобат гирифта, барои иштирок дар чемпионати ҷаҳон оид ба «Бокс» дар шаҳри Деҳлӣ ӯро дастгирӣ менамояд. Чун ҳарвақта дар ин мусобиқа низ дастболо гардида, боифтихор ба Ватан бар мегардад.
Соли 2018 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи комёбиҳо ва дастовардҳои зикргардида маҳсули сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақому манзалати зан дар ҷомеа, Стратегия, Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҳанӯз аз соли 1999 то имрӯз мебошанд.
Аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курсант Самадова Миҷгона мавриди дастгирӣ ва ғамхории пайваста қарор дорад.
Имрӯз қаҳрамони мо - Самадова Миҷгона, ки ифтихори миллати тоҷик аст, барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи августи соли 2019 баргузор мегардад омодагӣ мебинад ва мо таманнои онро дорем, ки варзишгардухтари тоҷик ба орзӯи хеш бирасад.
Давлатшоева Азиза
полковники милитсия,
Саида Сафарова
лейтенанти калони милитсия