Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои оперативӣ - тактикӣ бо номи шартии «Ҷустуҷӯ-2018» дар Академияи ВКД

55

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми худ, қайд намуданд, ки «Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем».
Роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар амал пиёда намудани супориш ва пешниҳодҳои аз Паём омада, маҷмӯи нақшаи чорабиниҳои мушаххасро тартиб дода, корро дар самти татбиқи амру фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовараҳои ВКД ва Академияи ВКД оид ба пурзур намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, равнақ додани сифати тайёрии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо як сарбаландӣ пеш бурда истодаанд.

56

Вобаста ба марҳилаи хотимавии омӯзиши предметҳои «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» ва «Мурофиаи ҷиноятӣ» машқҳои оперативӣ - тактикӣ бо номи шартии «Ҷустуҷӯ-2018» аз ҷониби шунавандагони курси якум ва дуюми факултети №1 ва курсантони курси 5-уми Факултетҳои №2 ва №5 Академия мувофиқи нақшаи таълимӣ ва Фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ аз 22 то 31 декабри соли 2018 гузаронида шуд.
Иштирокчиёни гурӯҳҳои машқӣ дар чунин нақшҳо: сардори ШВКД, муовини сардор оид ба корҳои оперативии ШВКД, сарваколатдори оперативии ШКҶ, ваколатдори оперативии ШКҶ, сардори қисми навбатдорӣ, ёрдамчии қисми навбатдорӣ, сармуфаттиш, муфаттиш, эксперт-криминалист, нозири минтақавии милитсия ва ғайраҳо иштирок карданд.
Машқҳои оперативӣ-тактикӣ ҳамарӯза дар шароитҳои ба ҳақиқат наздик, гузаронида шуданд. Аз ҷониби мушоҳидачиён, муаллимони кафедраҳои зикргардида бо зиёдшавии мураккабии вазифаҳо ба курсантон супоришҳо дода шуд. Маводи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба мавзӯъҳои ҷудошуда аз тарафи омӯзгорони кафедраи «Мурофиаи ҷиноятӣ» зери назорат гирифта шуданд.
Инчунин дар машқҳои оперативӣ-тактикӣ сохторҳои ёрирасони самти фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯӣ, Марказ-Хадамоти кинологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

57

Бо иштироки муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., сардори факултети №2, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш., сардори факултети №5, н.и.п., полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Х, сардори факултети №6, н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М. ва сардорони кафедраҳои тахассусӣ рафт ва натиҷаҳои машқҳои оперативӣ-тактикӣ ҷамъбаст карда шуд.
Файзалӣ ҚОСИМОВ
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ
Ҳилолӣ САТТОРОВ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...