Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими тӯҳфаҳои солинавӣ ба нафақахӯрон ва маъюбон аз ҷониби кормандон ва курсантони Академияи ВКД

52

Аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

5354

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ Собирзода Аловиддин як гурӯҳи кормандон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба Маркази минтақавии хизматӣ-иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе «Хонаи меҳр» рафта, ба пиронсолону маъюбони ин марказ бахшида ба Соли нави мелодӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
Ҳамчунин барои ин қишри ниёзманди ҷомеа хӯроки идона омода гардида, аз ҷониби гурӯҳи ҳаваскорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хотири бошандагони ин даргоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин болида гардонида шуд.
Азиза Давлатшоева, Саида Сафарова, Убайдуллозода Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...