Рисолати муҳими падару модар – тарбияи фарзанд
«Аҳли ҷомеа ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд…»
Эмомалӣ Раҳмон
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин Қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидол оварем.
Ҳар як падару модар эътибори худро дар назди фарзанд бо тарбияи хуб афзун кунонида метавонад. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои волидон китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳо мебошанд. Дар ин китобҳо марҳалаҳои мухталифи таҷрибаи ахлоқии миллати тоҷик ҷамъбаст гардида, нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзанд, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамояд, бо далелҳои муътамад ба исбот расидаанд.
Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо, ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд.
Фарзанд меваи умри инсон мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намояд. Одоб аз илм афзал аст.
Пас, вазифаи аз ҳама асосии мо ин бошад, ки фарзандонамонро дар роҳи одоби хубу хулқи накӯ парвариш намоем. Гузаштагони мо мақоми баланди панду ҳикматро нишон дода, онро «тилисми сеҳрангези омӯзиши ҳаёт ва зиндагии одамият» номидаанд.
Муносибати фаъолонаи шаҳрвандони кишвар ба масъалаи тарбияи фарзанд баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” рӯшан ба зуҳур мерасад. Дар тамоми ташкилоту муассисаҳо баҳри амалӣ гаштани Қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда, бо дарки масъулияти баланд сиёсати давлатро ҷонибдорӣ намуда истодаанд. Ташаббуси аҳли ҷомеа, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо нисбат ба тақдири ҷомеа ва ояндаи миллат бетараф набуда, дар фикри онанд, ки насли ҷавони имрӯзаи моро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ тарбия намоянд. Дар ин росто, волидайн ва тамоми сохторҳои давлатӣ бар он муваззаф мегарданд, ки нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастаҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд. Моҳияти ин Қонун аз ҷониби падару модарон ва бахусус, зиёиёни кишвар хеле амиқ дарк гардидааст.
Роҳбарият ва аҳли кормандони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таълиму тарбияро яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб медонанд. Бо мақсади роҳандозӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар гаштани тарбияи маънавиву ахлоқии курсантон тадбиру чораҷӯиҳо намуда, санаҳои 12-уми декабр барои курсантони курси чорум, 13-уми декабр барои курсантони курси панҷум, 27-уми декабр барои курсантони курси сеюм, 28-уми декабр барои курсантони курси дуюм, 29-уми декабр барои курсантони курси якум дар маҷлисгоҳи факултет бахшида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ҷаласа доир гардид.
Ҷаласаро сардори факултети мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А. ифтитоҳ намуд. Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ҳар чӣ бештар ҷалб намудани падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд ва назорати ҷиддӣ аз болои курсантон буд.
Сардори факултет ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти Қонуни мазкурро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, иброз дошт, ки: “Дар Қонуни мазкур масъулияти асосӣ ба зиммаи оила вогузошта шудааст. Дар ин вазъ волидайн дар сурате масъул шуда метавонад, ки худ дорои маърифату маданияти баланд бошанд ва роҳҳои тарбияро хуб донанд. Агар фарзанд аз кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъда ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Ҷомеаи имрӯзаи мо ба фарзандони қобилу оқил ва ихтироъкор ниёз дорад. Ҳар падару модар вазифадоранд, ки барои фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам созанд, то дар оянда онҳо ҳамчун шахси баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба камол расанд. Гарчанде аз қадимулайём дар одату анъанаҳои мардуми мо таълиму тарбияи фарзанд мақоми хоса дошта бошад ҳам, имрӯз баҳри ба воя расонидани ҷавонони солеҳу соҳибмаърифат, пешгирӣ кардани вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона ба ҷомеа, қабули қонун зарур ва саривақтӣ буд”.
Мавсуф бар он андеша аст, ки бо таъсири воситаҳои электронӣ ва таъсири ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб сатҳи тарбияи фарзандон то андозае коҳиш ёфтааст. Дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз падару модарон, наврасону ҷавонон берун аз тарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то нисфи шаб гаштугузор менамоянд, ба ҳар гуна равияҳои бегона ҳамроҳ шуда, иддае аз онҳо даст ба ҷиноят мезананд.
Дар иртибот ба мавзӯи баррасишаванда чунин таъкид дошт: “Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд чанд соли охир яке аз масоили муҳим ва доғи рӯз гардида буд. Чунин мушкилотро ба назар гирифта, дуюми августи соли 2011, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид ва мақсад пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Боварӣ дорем, ки минбаъд падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва бо ин роҳ ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва корҳои ношоиста хотима мегузоранд. Баъди қабули Қонуни мазкур бисёр масъалаҳо бар дӯши падару модар вогузор шуданд.
Вазифаи асосии волидайн, ки дар Қонуни зикргардида омадааст, соҳиби илму маърифат кардани фарзанд мебошад. Яъне одоб, муошират, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносию бомаърифат тарбия кардану ба воя расонидан рисолати асосӣ ва муҳими онҳо мебошад. Ҳоло бисёр падару модарон ин вазифаро бар дӯши омӯзгорон мегузоранд, аммо хато мекунанд, зеро фарзанд аз они онҳост. Баъзе падару модароне ҳастанд, ки худашон маърифати инсонӣ надоранд. Муомилаи хубу дурустро намедонанд, пас, чӣ хел фарзанди онҳо дар оянда бомаърифату бохирад ба камол мерасад? Онҳо дар оила дағалмуомила ҳастанд. Кӯдак дағаливу муносибатҳои бадро меомӯзад ва дар оянда мисли онҳо рафтор хоҳад кард. Барои ҳамин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имконият фароҳам меорад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор гарданд. Бояд ҳар як аъзои ҷомеа нисбат ба тавлид ва тарбияи дурусти фарзанд дар назди ҷомеа, миллат, оила ва фарзанд масъулияти бештарро ҳис намуда, барои иҷрои талаботи он кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Махсусан, кормандони МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки силсилаҷунбони тақдир ва ҳидоятгар ба ояндаи пурсаодат ҳастанд, бояд соҳиби интизоми намунавӣ ва рафтору одоби шоиста бошанд. Бахту иқбол ва мавқею мақоми инсон дар ҷомеа натиҷаи тарбияи устоди дилсӯзу ғамхор аст. Устодон метавонанд дар ҳаёти ҳар як шахс нақши абадӣ гузошта, дар тарбияи дуруст раҳнамо гарданд ва бо дарки дурусти ин рисолат кормандони факулети мазкур ба рушди маънавиву ахлоқии курсантон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Аҳолии кишвар корманди милитсияро ҳамчун шахси вазифадори ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешиносанд. Вазифаю мақсади фаъолияти ояндаи мо таъмин намудани фазои бехатарии ҳаёти шахс ва ҷамъият маҳсуб меёбад. Дар ҳама давру замонҳо кормандони ин соҳа шахси боэҳтиром, нексирату накӯкор ва некном шинохта шуда, барои раҳоии афроди ҷомеа аз ҷаҳолат заҳмат мекашанд.
Ҷолиб аст, ки родмардон аз ҷумлаи касбҳои роиҷи давру замон ҳифзи ҳуқуқро бештар пазируфтаанд ва ниёзмандии башар ба ин пеша будаву ҳаст. Фарзандони Шумо низ ҳамин касбро интихоб намудаанд ва онҳо муҳофизони ояндаи миллати мо мебошанд”.
Ҳаёт чун навори синамо аст, ки пастиву баландӣ, шириниву талхӣ, некию бадӣ ва ҳамаи дигар силсилаҳои ҳаёт дар ӯ таҷассум меёбад. Ҳамаи ин силсилаҳоро бо чашми хирад нанигарӣ ва бо хишти таҷрибаи зиндагии ҳар як унсури ӯ ба худ кохе бунёд нанамоӣ, мисли он бошад, ки вориди гулбоғе зарринрӯй шавӣ, мевае ё гуле аз ӯ ба худ нагирифта, аз дари дигар баромада равӣ.
Ягона роҳи нек, ҳақиқат, одамият – ин бархурдор шудан аз панди падару модар, панди рӯзгор, панди омӯзгор, панди ҳаёт аст.
Гузаштагони мо оид ба мақоми ба падару модар дар тарбияи фарзандон пандномаҳои зиёде навиштаанд ва бо ин роҳ онҳоро ба одаму одамгарӣ даъват кардаанд. Онҳо дар пандҳои худ тамаъкорӣ, ғараз, ҳарисӣ, баднафсӣ ва ҳаромхӯриро мазаммат карда, фарзандонашонро даъват мекарданд, ки аз ин хислатҳо парҳез намоянд. Ба ризқу рӯзии бо меҳнати ҳалол ва арақи ҷабин ба даст оварда қаноат кунанд. Аввалан, мо онҳоро бо пандҳое шиносонем, ки падару модари хешро эҳтиром намоянд ва он вақт ба қадри онҳову панди онҳо мерасанд.
Имрӯзҳо аҳли ҷомеаро як чиз ба ҳайрат меоварад ва ин ҳам бошад, дуздиву одамкушӣ, порахӯрию кисабурии насли ҷавон аст. Падарон ва бобоёнамон нақл мекарданд, ки мафҳуми дуздӣ, ба моли мардум бо чашми ҳирс нигаристан барои мо бегона буд. Ҳар рӯз тавассути рӯзнома, радио ва телевезион садҳо воқеаҳои дуздиву қонуншиканӣ аз баҳри сарвату неъматҳои моддӣ ва одамкушиву хонавайронкуниро мехонему мешунавем ва мебинем.
Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона имрӯз ташвишовар мебошад. Ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо, пеш аз ҳама натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон аст. Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи кӯдак дар баробари ин ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар низ ба шумор меравад.
Дар ин марҳилаи басо ҳассос ва муборизаҳои ошкору ниҳонии нерӯҳои гуногун вазифаи муқаддаси падару модарон ва дигар калонсолон дар оила ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад. Фарзандони худро ҳунар ва илм биёмӯзед ва онҳоро чунон бояд тарбия намоед, ки оқибат сиришки ғам аз дидаҳои пурумед нарезад.
Дар ҷаласа роҷеъ ба масоили баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ, донистани таърихи кишвар ва бархурдории ҳар чӣ бештар аз мероси ниёгон таъкид карда шуд. Чунонки, имрӯз дида мешавад, дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии бархе аз падару модарон иддае аз курсантон бетарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд.
Курсантон, ки ҳоло ҳаракату рафтори худро пурра дарк накарда, миёни сиёҳу сафед фарқ гузошта наметавонанд, баъзан фирефтаи амалҳои шахсони ҷинояткор гардида, оқибат худашон низ даст ба ҷиноят мезананд. Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст: «Мо як рукни умда ва созандаи низоми тарбияро дар муҳити хонаводагӣ мебинем. Дар ин ҳалқаи сегона агар оила ё хонавода рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонад, дар парвариши инсони комил, оқилу донишманд, ватандӯсту ватанпарвар кӯшиш ба харҷ диҳад, натиҷаи матлуб ба даст меояд. Ва агар ҷомеа таъсир расонад, мақоми таълиму тарбия боз ҳам устувортар мегардад».
Давраи таҳсил дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантон, ки аз муҳити хонаводагӣ то андозае дур ҳастанд ва назорати волидон мушкилтар аст, бинобарин, тарбияи муҳассилин комилан бар дӯши омӯзгорон аст. Бо дарки ин масъала, омӯзгорони факултет барои худ зарур медонанд, ки аз болои рафтору кирдор ва одобу ахлоқи шогирдон пайваста назорати қатъӣ намоянд.
Воқеан ҳам, шахсияти муаллим, устод, омӯзгор дар тамоми давру замонҳо вирди забонҳо будаву соҳиби обрӯву эътибори баланд аст. Падарону модаронро зарур аст, ки эҳтиром намудани устодро дар дили фарзандон бедор кунанд ва нисбати онҳо ғамхору дилсӯз бошанд. Ибораи машҳури халқ: «Ҳаққи устод аз падар беш аст» ва ё “Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар” маъруф аст. Хирадманде, гуфтааст: кишт-некии яксола, боғ-некии даҳсола, тарбия-барои асрҳост. Албатта, ҳар як рафтору гуфтори бузургсолон ва махсусан, падару модар, бобову модаркалон ва омӯзгорон барои насли ҷавон омӯзандаву таъсиргузор аст. Аз ин ҷиҳат, риояи одобу интизом барои кормандони факултети мазкур аз унсурҳои муҳим маҳсуб гардида, ҳар як амалу муносибат бо ҳамкорону курсантон ҳамешагӣ зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Ин нуктаҳо дар ҷаласаи падару модарон ба падару модарон ва пайвандони муҳассилини курси якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷум аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳо ва омӯзгорони таълимдиҳанда баррасӣ гардид.
Пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, ҳодисаҳои номатлуб ба манфиати ҷомеа мебошад. Интизоми курсантон аз ҷониби якчанд комиссияи назоратӣ, ғайр аз сардори курс ва куратор пайваста муҳокимаву баррасӣ карда мешавад. Нисбати курсантоне, ки талаботи факултет ва Академияро риоя намекунанд, ҷазоҳо пешбинӣ гардида, ба сардорони ШВКД-ҳо ва ҷойҳои кории падару модарашон мактубҳои изтиробӣ равон карда мешавад, то ки нисбати онҳо чораҳои қатъӣ андешида шавад. Талаботи асосӣ ва ҳамешагӣ иборат аз он аст, ки ҳар ашхоси либоси низомӣ ба бар дошта, набояд ба ягон хато ё ҷиноят роҳ диҳад. Зеро, унсури аввалиндараҷаи ҳимоятгарони ҷомеа риояи қонун ва интизоми намунавӣ мебошад.
Дар ҷаласаи мазкур, аз тарафи сардори факултет ному насаби курсантоне, ки талаботи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардаанд, яъне интизоми хизматиро мунтазам вайрон намудаанд, бесабаб ҳудуди факултетро тарк кардаанд, ба сафороии пагоҳирӯзӣ ҳозир нашуданд, бесабаб ба дарсҳо иштирок накарданд ва дар ҷаласаҳои дохилии факултет ҷазои интизомӣ гирифта буданд, дар ҳузури падару модарон қироат карда шуд. Қайд гардид, ки агар курсант 36 соат бе сабаб ба дарсҳои таълимӣ ҳозир нашавад, аз сафи курсантӣ хориҷ мешавад ва курсанте, ки дар давоми сол 2 ё зиёда ҷазои интизомӣ гирифтааст, ва дар маҷмӯъ дар 13 ҳолат тибқи Фармони ВКД ҶТ №745 бо замима аз санаи 04.12.2007 курсантон аз сафи ҳамсабақонаш хориҷ карда мешаванд. Умуман, ҷазоҳои интизомие, ки дар давраи донишандӯзӣ курсант барои ин ё он гуноҳ гирифтааст, дар ҳолати ишғоли вазифа баъди хатм монеа пеш меорад. Ин аст меъёру талаботи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сардор дар назди падару модарон баён намуданд. ва курсантоне, ки ҷазои интизомӣ доранд дар назди падару модаронашон мавриди сарзаниш қарор гирифтанд. Инчунин, курсантоне, ки барои интизоми намунавӣ, хониши аъло ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ лоиқи раҳматнома гардида буданд, дар ҳузури иштирокдорони ҷаласа сазовори таҳсинҳо шуданд.
Ояндаи пурифтихори мо ин интизоми хизматии хуби курсантон – кормандони шоистаи ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Барои тарбияи курсантон дар факултет якчанд чорабиниҳо аз рӯи нақшаи факултет баргузор мегардад. Аз ҷумла, соатҳои тарбиявӣ, яъне кураторӣ, соатҳои худомӯзӣ ва ба монанди инҳо. Инчунин, якчанд комиссияҳои назоратии доимиамалкунанда: кураторон, сардорони шуъбаву шуъбачаҳо, сардори бахшҳо ва дигарон ширкат меварзанд, ки барои тарбияи ҳар як курсант масъуланд.
Муовини сардор оид ба таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. дар баромади худ аз хусуси таълиму тарбияи курсантон сухан ронда, вобаста ба лавҳаи бадхонони мавҷуд дар факултет, ки расми курсантон насб карда шуда, барои пешрафти таълимии онҳо мусоидат менамояд, сухан намуд.
Барои иқдому ташаббусҳои судманди роҳбарият, ки бо мақсади беҳтар гардидани таълиму тарбияи курсантон пешбинӣ шудаанд, аз номи ҳамаи волидайн Ҳомидов М. миннатдории худро ба сардори факултет, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А.ва ба кулли устодон изҳор намуд.
Ҳамчунин, муовини сардор оид ба қисми низомӣ, подполковники милитсия Хушвахтзода Х.Х. даъват ба амал овард, ки падару модар масъулиятшиносона аз пайи сабақандӯзии фарзандон бошанд, ҳаргиз роҳ надиҳанд, ки онҳо бар хилофи қонун рафтор намоянд. Баъзан мушоҳида мешавад, ки курсантон ба машғулият бо мошинҳои шахсӣ ҳозир мешаванд, ё худ дар дохили таълимгоҳ бо телефонҳои мобилӣ гуфтушунид мекунанд. Бояд ба риояи тозагӣ, муносибат бо атрофиён ва маданияти шаҳрвандии курсантон ҳар як падару модар таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намоянд. Ҳар як падар ва модар бояд мунтазам аз ҳоли таълим ва интизомаш ба воситаи кураторон, сардорони воҳидҳои таълимӣ – низомӣ ва қисми таълими факултети №4 огоҳ бошанд.
Дар охир, сардори факултет қайд кард, ки ҷаласаи навбатӣ дар охири моҳи июн баргузор гардида, дар ҳамин мавсим зарурати ҷамъ шудани падару модарон ба Низомномаи Шӯрои падару модарон дохил карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки риояи қатъии интизом ва таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти курсантон, аз ҷумла ташкили чунин ҷаласаҳо барои пешрафти таълиму тарбиявии хатмкунандагон бевосита мусоидат намудааст. Ӯ дар баромади худ рӯ ба курсантон оварда чунин қайд кард: “Миллати тоҷик ба хубӣ медонад, ки тинҷию оромӣ бар ивази чӣ қадар ҷонбозиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ба даст омад. Дар таъмини амният ва расидан ба сулҳи деринтизор саҳми фарзандони баору номуси Ватан назаррас аст ва шумо низ Савганд ёд намуда ваъда додаед, ки яке аз чунин фарзандони Ватан мешавед. Ҳар яки шумо бояд боварӣ ҳосил карда бошед, ки хондан меҳнати пурмашаққату сермасъулият аст, зеро донишу малакаи дар ин даргоҳ аз худ кардаатон дар фаъолияти хизматиатон амалӣ хоҳад шуд ва танҳо муносибати масъулиятнок, бозомӯзӣ ва сайқали дониш метавонад омили камолоти хизматии Шумо шавад.”
Дар охир қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фаразанд” ҳар яки мо бояд бо масъулияти баланд ва ҷавонмардона кӯшиш намоем. Агар аз пайи парвариши дурусти ниҳол набошем, решаи ниҳол хушк мешавад ва ҳосиле аз он ба даст намеояд. Фарзанд низ монанди ҳамин ниҳолест, ки дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии бузургсолон тарбияи нодуруст дида, ҳамчун ашхоси бадкирдору зараррасони ҷомеа ба воя мерасанд.
Ташкили ҳамин гуна чорабиниҳо бо гузашти ҳар се моҳ ба нақша гирифта шуд, ки албатта ба манфиати кор мебошад.
«Аҳли илму фарҳанг дар ҳама ҷо ва ҳама вақт бақадр буд ва мемонад. Аз ин лиҳоз баҳри он кӯшед, ки фарзандонамонро дар омӯхтани илму дониш тарбият кунем. Ҳаёт бо омӯхтан ташкил меёбаду инкишоф меёбад».
Ғафуров М.С. – муовини сардори факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим ва илм, подполковники милитсия