Соли нав, иқболи нав, бодо муборак соли нав!
Соли нав, соли накӯ, соли вафо,
Соли иқболу фараҳ, нуру сафо.
Соли неъмат, соли давлат, соли ишқ,
Соли пирӯзӣ муборак бар шумо!
Инак, иди деринтизории Соли нав ҳам омад. Соли наве, ки бо соли куҳан падруд гуфта ба минбари замон мешинад.
Ҳадаф аз таҷлили Соли нави мелодӣ аз бар кардани нерӯи тоза, қудратмандӣ дар ирода ва шурӯъ намудан ба корнамоиҳо, талошҳо ва барномаҳои оянда аст.
Бо мақсади хушнудиву болидахотирӣ ва тақдими самимтарин тамманиёту беҳтарин орзуҳо санаи 31-уми декабри соли равон дар факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, чорабинии идона бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати шахсии факултет, собиқадорону меҳмонон ва ҳунармандони ҷавон, инчунин санъаткорони мумтози шаҳри Хуҷанд иштирок ва ҳунарнамоӣ намуда табъи ҳозириноро шод гардониданд.
Дар чорабинии идона бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ӯ низ сардори факултет №4, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. соли нави мелодӣ дар факултет бо як шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид, зеро бо иқдомҳои хайрхоҳонаи эшон якчанд курсантони ятиму бепарасторро дастгирии молиявӣ намуда, тӯхфаҳои солинавӣ тақдим намуданд, инчунин як қатор устодон бо Раҳматномаву Ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд, ки Соли нави имсоларо боз ҳам муборактар гардонид.
Чорабинии идона хеле хотирмон гузашт. Дар охир сардори факултет н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. ҳамаи ҳайати шахсиро ба муносибати фаро расидани Соли нав муборакбод намуда, барояшон тандурустӣ, сарбаландӣ, дастовардҳои нави илмӣ, камолоти олии эҷодӣ ва пешравиҳои нав ба навро таманно намуд.
Ҷабборова М.Т., сардори қисми таълимии факултети рақами №4, н.и.ф., майори милитсия.