Семинари доимоамалкунандаи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масоили мубрами фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ»
Бо ташаббуси сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва ҳамоҳангсозии шуъбаи таълим, шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, шуъбаи адъюнктураи Академияи мазкур дар толори Шӯрои олимон рӯзи 26-уми декабри соли 2018 семинари доимоамалкунандаи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масоили мубрами фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ» доир гардид.
Чорабинии мазкур ба таври анъана дар толори барҳавои Шӯрои олимони Академия баргузор гардида, мавзӯъҳои зерин мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд: «Фаъолияти омӯзгорӣ дар ҷодаи машғул шудан ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ» ва «20-соли Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Вобаста ба мавзӯи «Фаъолияти омӯзгорӣ дар ҷодаи машғул шудан ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ» муовини сардори шуъбаи таълим, полковники милитсия Саидзода С.С. баромад намуда, ба ҳозирин доир ба масъалаҳои вобаста ба Дастурамал оид ба таҳияи сарбории ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 29 майи соли 2017 тасдиқ гардидааст, ибрози ақида намуд. Ҳамчунин мавсуф доир ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳаҷми 432 соат, ки барои омӯзгорони муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ҳатмист, баромади пурмуҳтаво намуд.
Сардори шуъбаи адъюнктура, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Раҳмадҷонзода Р.Р. дар навбати худ оид ба 20-соли «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, аз дастоварҳои назарраси ин маҷаллаи илмӣ ба самъи ҳозирин расонид. Ҳамчунин, дар баромади худ Раҳмадҷонзода Р.Р. аз таърихи пурғановати ин нашрия ёдовар шуда, қайд намуд, ки маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1998 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 0117 ба қайд гирифта шудааст ва маводи илмиро бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба нашр мерасонад. Аввалин нашри маҷаллаи мазкур 1-уми июни соли 1998 чоп гардидидааст.
Боиси сарфарозист, ки маҷаллаи мазкур ба «Феҳристи нашрияҳои илмии тақризӣ, ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмии диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо ва дарёфти дараҷаи доктори илмҳо нашр гарданд» КОА-и Федератсияи Россия ва КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид гардидааст.
Дар чорабинии мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони Академия фаъолона ширкат намуда, ба саволҳои худ посухҳои дақиқ гирифтанд.
Хабирова Т.А., Сафарова С.Н.