Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикот

46

47Санаи 25-уми октябри соли 2018 корманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Мирзорустамов Мирзоалишер Мирзоқосимович тадқиқоти диссертатсиониро дар мавзӯи «Организация деятельности руководителя территориального органа МВД Республики Таджикистан по обеспечению деликтологической профилактики среди личного состава» бо ихтисоси 12.00.11 – фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавӣ ва ҳуқуқҳифзнамоӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои ҳуқуқ бомуваффақият ҳимоя намуд.

Роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзорустамов Мирзоалишер Мирзоқосимовичро ба муносибати бомуваффақият ҳимоя намудани тадқиқоти диссертатсионӣ ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ гардидан бо самимияти беандоза муборакбод гуфта, музаффариятҳои беназирро хоҳонанд.
Расидан ба чунин як дараҷаи волои илмӣ пеш аз ҳама барои аҳли қалами ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беҳтарин ба шумор меравад. Чунин арзёбии олимони мо беш аз пеш аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки танҳо баҳри рушду равнақи миллату Ватан равона карда шудааст, бармеояд.
Бо боварии том гуфта метавонем, ки дастоварди Мирзорустамов М.М. баҳри пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд гаштани олимони ояндаи ин даргоҳи илму маърифат, мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи адъюнктураи
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...