Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкили самараноки курсҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Академияи ВКД

45

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД аз санаи 17-ум то 27-уми декабри соли 2018 курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои моликияти зеҳнӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ ташкил ва гузаронида шуд. 

254

Ба курси мазкур 22 нафар шунавандагон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъавори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кофтуковии ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ба дарсҳои назариявӣ ва амалӣ фаро гирифта шуданд. 
Дарсҳо аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва дигар устодони ботаҷриба гузаронида шуданд.
Баҳри баланд бардоштани маърифати фарҳангии шунавандагон онҳо аз боғу Осорхонаи Миллии Тоҷикистон дидан намуда, аз осори фарҳангии миллӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

255

Рӯзи 27-уми декабри соли равон маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳо ба шунавандагон бо иштироки сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. баргузор гардид.
Шунавандагони курсҳои такмили ихтисос бо рӯҳияи баланд аз роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД барои ташкили чунин курсҳои муфид изҳори минатдорӣ намуданд.
Ҳалимзода Д.Д., Асламов Б.С., Сафаров О.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...