Дифоъ намудани диссертатсияи номзадӣ аз ҷониби унвонҷӯёни Академияи ВКД
Рӯзи 18-уми декабри соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии Д 203.002.06 Академияи идоракунии ВКД Россия зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Р.С. Мулукаев унвонҷӯ Нуралиев Содиқҷон Шарифович диссертатсияи номзадии худро дар мавзӯи «Административно-правовой статус сотрудника органов внутренних дел Республики Таджикистан (сравнительно-правовой анализ» бо ихтисоси 12.00.14 – ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ, дифоъ намуд.
Инчунин, санаи 25-уми декабри соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии Д 203.002.01 Академияи идоракунии ВКД Россия зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Л.И.Беляева унвонҷӯ Бухориев Беҳрӯз Рустамович диссертатсияи номзадии худро дар мавзӯи «Уголовно-правовые меры предупреждения торговли людьми (по материалам Республики Таджикистан)» бо тахассуси 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷиноятӣ бо муваффақият дифоъ намуд.
Роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номбурдагонро ба муносибати ҳимоя намудани дисертатсияҳояшон бо самимияти саршор таҳният гуфта, саодати рӯзафзуни рӯзгор, осудагӣ ва дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъда ба онҳо комёбиҳои беназир таманно доранд.
Шӯъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон