Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои назариявӣ ва татбиқи амалии меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

37

Санаи 24-уми декабри соли 2018 аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои назариявӣ ва татбиқи амалии меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 10-солагии қабули Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази Миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД, кормандони амалии МКД баргузор гардид. 
723Кори конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким кушода эълон намуда, меҳмононро хайрамакдам гуфт. Кори конференсияро ҳамчун модератор муовини сардори Акдемия оид ба илм, н.и.ҳ., Саидзода З.А. пеш бурд.
Дар конференсия Раҷабзода Равшан Муҳитдин - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини Раиси Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Баъзе аз хусусиятҳои Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз нигоҳи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ», Муродзода Бобокалон Раҷаб - Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва баррасии парвандаҳои маъмурии категорияи мазкур дар судҳои ҷумҳурӣ ва таҳлилу ҳалли проблемаҳо», Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович - д.и.ҳ., профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи истифодабарии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли он» баромад намуданд. 
Ҳамчунин дар идомаи конференсия Раҳмонзода Малоҳат Солеҳ - Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар мавзӯи «Баррасмиятдарории ҳуҷҷатҳои мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», Самадова Шаҳноза - мутахассиси Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатии мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи меҳнат», Каримзода Абдулназар Хуҷаназар - сардори Шӯъбаи таҳқиқи парвандаҳои ҳуқувайронкунии маъмурии Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия дар мавзӯи «Фаъолияти амалияи маъмурӣ дар МКД», Маърифхонов Расул Нурматович - ходими пешбари шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, дар мавзӯи «Қонунгузории мурофиаи маъмурӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар низоми ҳуқуқи мурофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

724

Дар ҷараёни кори конференсия Соҳибов Зайниддин - дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон н.и.ҳ., дар мавзӯи «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи гумрук», Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич – устоди Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дар мавзӯи «Баъзе проблемаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қодиров Ҷӯрабек Шарифович - муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳо оид ба ҷавобгарии маъмурӣ», Имомёрбеков Атобек - сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, н.и.т., генерал – майори милитсия дар мавзӯи «Ҷиҳатҳои тарбиявии татбиқи ҷазои маъмурӣ» баромад намуданд.
Дар фарчоми кори конференсия баромадкунандагон тавсияҳои илмии муккамалро баҳри самаранокии фаъолияти кор дар самти пешбурд ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ пешниҳод намуданд. 
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Шарифзода П.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...