Тамошои Паёми Пешвои миллат тариқи оинаи нилгун
Рӯзи 26-уми декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии мамлакат ирсол гардид.
Рафти Паёми Роҳбари давлатро чун кормандони тамоми мақомоту идораҳои кишвар, инчунин роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД низ тариқи оинаи нилгун тамошо карданд.
Бояд гуфт, роҳбарият ва ҳайати шахсии Академия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми навбатиашон баён гардиданд, сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода, баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои аз ин ҳам беҳтару бештар дар соҳаи илму маориф ва таҳсилоти касбӣ, инчунин дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳанд кард.