Ташкили самараноки таълиму тарбияи курсантон дар Академияи ВКД
Барои сарбаландонаю содиқона хизмат намудан ва аз иҷрои ҳама он фармону супоришҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ба мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи интизоми хизматӣ, тайёрии ҷангию ҷисмонӣ, донистани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва забонҳои хориҷӣ дар байни кормандон бояд дар дараҷаи баланд қарор дошта бошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Академияи ВКД яке аз сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир саҳми арзанда гузошта истодааст.
Барои баланд бардоштани тайёрии касбӣ-хизматӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ дар байни курсантони Академияи ВКД пас аз дарсҳои ҳатмӣ маҳфил, мусобиқа, викторина, навиштани иншо, диктант, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ва ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ намудани автомати “Калашников” ва таппончаи “Макаров” ба роҳ монда шудааст.
Бо супориши сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Шарифзода Файзали Раҳмоналӣ барои ҳавасманд гардонидани курсантон рӯзҳои шанбе пас аз дарсҳои ҳатмӣ ва рӯзҳои якшанбе рухсатии якрӯза танҳо ба курсантоне, ки бо баҳои аъло мехонанд дода мешавад. Дар баробари ин малакаи курсантон дар навиштани иншо, донистани забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани муқаррароти асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мафҳумҳои асосӣ, давидан, турникашӣ, тирпарронӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳ санҷида шуда, онҳое ки аз санҷиш мегузаранд сазовори рухсатии якрӯза мегарданд. Ин иқдомҳо метавонанд савияи дониш ва малакаи касбии курсантонро баланд бардоранд.
Шокирзода Т., Хайдарзода Д. - омӯзгорони Академияи ВКД