Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Татбирҳои тақвиятбахши тарбияи ҳарбию ҷисмонии курсантони Академияи ВКД

32

Бо максади баланд бардоштани тарбияи ҳарбию ҷисмонӣ, омодагии фаврии курсантони Академияи ВКД бо иқдоми сардори факултети №6-и Академияи мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Самиев Н.М. дар мувофика ба сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ санаи 23 декабри соли 2018 ҳайати шахсии курсантони факултети №6, таҳти роҳбарии кормандони факултети мазкур ба чорабинии тақвиятбахши ҳарбӣ-ҷисмонӣ ҷалб карда шуда, аз бинои таълимии Академия то маҳаллаи Қаротегини нохияи Шохмансури ш.Душанбе масофаи беш аз 12 км. бо давидан бо либосҳои низомӣ ва халтаҳои сафарӣ тай намуда, дар муддати муайян ба марраи муқарраршуда расиданд, ки аз чусту чолокӣ ва бардами курсантон дарак медиҳад. 

3334

Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти Академияи ВКД мунтазам дар факултетҳои Академия чораҳои таҳкимбахши ҳарбӣ-ҷисмонӣ, аз қабили давидан, машқҳои тактикӣ, пароканда намудани бетартибиҳои оммавӣ, хондани сурудҳои ҳарбӣ ва дигарҳоро роҳандозӣ намуда, малакаю маҳорати оперативии курсантонро ҳамеша баланд мебардоранд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...