«Омадам, дидам, ғолиб шудам» – озмун байни курсантони Академияи ВКД
Ташкили озмунҳои гуногуни илмӣ-маърифатӣ байни курсантони Академияи ВКД аз методҳои тарбиявие маҳсуб меёбад, ки метавонад барои сайқали дониши амалӣ - назариявии таълимгирандагон таъсири мусбӣ гузорад. Бо дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва мусоидати Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон роҳбарияти Академияи ВКД байни курсантони факултетҳои №2 ва №4 викторинаи академиявии «Лабиринти ҳуқуқӣ» гузарониданд.
Чорабинии мазкур рӯзи 21 декабр дар «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд байни ду даста «Ҳомиёни адл»-и факултети №2 ва «Ояндасоз»-и факултети №4 Академияи ВКД таҳти шиори «Омадам, дидам, ғолиб шудам» баргузор гардид.
Озмунро сардори факултети №4 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А. ифтитоҳ намуда, дар баробари тавзеҳи ҳадафи «Лабиринти ҳуқуқӣ» ҳайати ҳакамонро, ки аз ҳисоби сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таъин шудаанд, муаррифӣ ва ба иштирокчиён барору ғолибият таманно намуд.
Ҳайати дастаҳо аз ҳисоби курсантони курсҳои 3-5 бо иштироки як омӯзгор иборат буд, ки аз рӯи се давр: «Вазифаи хонагӣ», «Коллегияи Судӣ», «Мусаллаҳ ва хеле хатарнок» - озмуни криминалистӣ ва «Муҳорибаи титанҳо» - ҳозирҷавобии роҳбарони дастаҳо байни ҳам мусобиқа намуданд.
Бахши аввали мусобиқа - «Вазифаи хонагӣ» фарогири масъалаҳое чун шиносоӣ бо даста, номи даста ва барои чӣ даста чунин номгузорӣ шудааст, муаррифии мавзӯи интихобкардашуда бо пахши лавҳаи видеоӣ буда, ҳайати дастаҳо омодагӣ ба озмун ва маҳорати суханварии худро намоиш доданд.
Дар даври дуюм, ки «Коллегияи судӣ» унвон дошт ба ҳайати дастаҳо ҳал намудани масъалаҳои амалии соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи маъмурӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ вогузор гардид.
Даври сеюм - «Мусаллаҳ ва хеле хатарнок» озмуни криминалистӣ буда шарти он бо мушоҳидаи расми намунавии гумонбаршуда аз пораҳои алоҳидаи аксҳо ба зудӣ тартиб додани расми мувофиқ буд.
Дар даври «Муҳорибаи титанҳо» қобилияти ҳозирҷавобии роҳбарони дастаҳо санҷида шуд. Онҳоро зарур буд ба 10 саволи аз ҷониби ровӣ пешниҳодгардида бемулоҳиза «ҳа» ё «не» ҷавоб гардонанд.
Баъди иҷрои шартҳои ҳар даври озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон маҳорати иштирокчиён баҳогузорӣ мегардид. Ҳамин тавр аз рӯи холҳои ҷамъбастгардида факултети №2 дастаи «Ҳомиёни адл» 72 хол ва факултети №4 дастаи «Ояндасоз» 88 хол ба даст оварданд.
Дар хотима ба дастаи ғолиб «Ҷоми лабиринти ҳуқуқӣ» ва ба ҳамаи аъзоёни дастаҳо туҳфа тақдим гардид. Ҳамчунин барои болидарӯҳии иштирокчиёни озмун аз ҷониби курсантони факултети №4 Академияи ВКД барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия